Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндаи минтақавии раёсати СММ доир ба маводи мухаддир ва огоҳкунии ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Қаллахон

27.03.2004 16:00, шаҳри Душанбе

27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи минтақавии раёсати СММ доир ба маводи мухаддир ва огоҳкунии ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Қаллахонро ба ҳузур пазируфт.

Барои Тоҷикистон ва умуман ҷомеаи башарӣ таъкид намуд,- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, хатари нашъамандӣ ба амнияти миллӣ таҳдид менамояд, аз ин рӯ ҷиҳати мубориза бар зидди паҳншавии маводи мухаддир диққати махсус медиҳем. Вай афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкориҳо бо раёсати СММ доир ба маводи мухаддир ва огоҳкунии ҷинояткорӣ баҳои баланд медиҳад.

Аз маҷмӯъи умумии маводи нашъадори дастгиршуда дар Осиёи Марказӣ 90 дарсадаш ва дар доираи ИДМ 60 дарсади он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб аст.Таъкид гардид, ки дар соли охир 32 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст, ки аз нисф бештари онро маводи героин ташкил менамояд ва метавонист қариб 19 миллион шаҳрвандони оламро побанди нашъамандӣ гардонида, барои доираҳои ҷиноятпеша миллионҳо доллари амрикоиро фароҳам биёрад.

Зимнан, ҷонибҳо дар мавриди он ки алҳол барои қаноатмандӣ асосе вуҷуд надорад, ҳамфикрӣ изҳор намуданд. Соли гузашта дар Афғонистон аз чор се ҳиссаи ҳаҷми ҷаҳонии маводи мухаддир истеҳсол шуда, дар қаламрави ин кишвар майдони кишти маводи марговар меафзояд. Барои ҳамин алҳол андешидани тадбирҳои муштараки мубориза ва таъмини хати боэътимоди муҳофизат дар роҳи паҳншавии маводи мухаддир дар кишварҳои ИДМ зарур аст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520