Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.03.2004 18:00, шаҳри Душанбе

Баъди чошти 26 март таҳти раёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҳукумат баъди муҳокимаи масъалаи кадрҳо ба масъалаҳои тараққиёти соҳаи кишоварзии мамлакат диққати калон дода шуд. Аз ҷумла фаъолияти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар солҳои 2002 – 2003 ва вазифаҳои тараққӣ додани соҳа ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Ворис Мадаминов роҷеъ ба ин масъала ҳисобот дод. Дар ҷараёни муҳокима зарурати вусъат додани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ таъкид карда шуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ роҷеъ ба ин масъала, инчунин дар бораи барномаи мубориза ба муқобили бемории вабои сумдарди чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2004 – 2010 қарори дахлдор қабул намуд. Дар маҷлиси ҳукумат инчунин тартиби ба расмият даровардан, ба қайд гирифтан ва додани хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ тасдиқ карда шуд.

Иштирокчиёни маҷлис ҳамчунин масъалаҳои марбут ба амалӣ сохтани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ва мусоидат ба таъмини аҳолӣ бо корро муҳокима карданд. Аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ тартиби додани патент ва шаҳодатномаҳои соҳибкории инфиродиро ба шахсони воқеӣ тасдиқ намуданд, ки фаъолияти соҳибкориро бе ташкили симои ҳуқуқӣ ба роҳ мемонанд. Инчунин номгӯи навъҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ тасдиқ карда шуд, ки аз рӯи он мувофиқи патент ва коеффитсиентҳои минтақавии танзимкунандаи маблағи пардохти патенти андоз аз даромад гирифта мешавад. Дар маҷлис дар бораи тартиби ба роҳ мондани фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозӣ мусоидат ба шуғли аҳолӣ қарор қабул гардид.

Иштирокчиёни маҷлис лоиҳаи қарорҳоро «Дар бораи ворид сохтани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» ва «Дар бораи ворид сохтани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» маъқул донистанд, ки ба муҳокимаи парлумони кишвар пешниҳод карда мешавад.

Мувофиқи тартиботи иҷрои тадбирҳои дохилидавлатӣ Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия дар бораи рафтуомади бераводид бо шиносномаҳои дипломатӣ, созишномаи ҳукумати Тоҷикистону Арманистон дар бораи ҳифзи мутақобилаи иттилооти махфӣ, тасдиқ гардиданд. Дар маҷлис қарорҳои ҳукуматӣ дар бораи тасдиқи қарори ба маркази сиёсати муқоисавии маорифи Вазорати маорифи Федератсияи Россия додани мақоми ташкилоти базавии давлатҳои ИДМ дар масъалаи тадқиқот дар соҳаи сиёсати маориф ва ба Донишгоҳи давлатии Санкт Петербург додани мақоми ташкилоти базавии давлатҳои ИДМ дар масъалаи тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин дар бораи тасдиқи протоколи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Созишномаи таъмини ҳуқуқи озод ва баробари гузаштан аз сарҳади давлатии мамлакатҳои узви иттифоқи гумрукӣ ба шахсони воқеӣ ва аз ҷониби онҳо интиқоли бемамонияти мол ва асъор аз 24 ноябри соли 1998 қарорҳо қабул карда шуданд.

Ба мақсад мувофиқ дониста шуд, ки дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Покистон консулхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шавад.

Иштирокчиёни маҷлис илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлонро дар бораи иваз кардани номи ноҳияи Қабодиён бо номи ноҳияи Қубодиён қонеъ гардонданд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи 80-солагии ташкили Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор қабул кард. Мувофиқи қарорҳои дигари қабулгардида номи Ширкати давлатии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикистон» ба номи Муассисаи давлатии воҳиди ҳавопаймоии «Тоҷикистон» иваз карда шуд.

Ба низомномаи тартиби ҳамлу нақли мол ва воситаҳои нақлиётӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари тиҷоратӣ пешбинӣ шуда аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо дохил карда шуданд. Дар маҷлис проблемаҳои марбут ба танзими масъалаҳои муҳоҷирати коргарон муҳокима карда, аз рӯи онҳо қарори дахлдор қабул карда шуд.

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои маҷлисро ҷамъбаст карда, талаб намуд, ки ҷараёни иҷрои супоришҳо ва дастурҳои 20 марти соли равон зимни мулоқоти ӯ бо зиёиёни мамлакат додашуда тезонида шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520