Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо аҳли зиё

20.03.2004 12:00, шаҳри Душанбе

20 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё мулоқот кард. Мулоқоти навбатии анъанавии Сарвари давлат бо зиёиён дар театри академӣ-драмавии ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ баргузор гардид, ки ин махзани ҳунар аз ҳисоби маблағҳои хазинаи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан тармиму таҷдид ёфт.

Дар вохӯрӣ Сарвари давлат аҳли илму фарҳангро хазинаи беназири ақлонии миллат арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки баҳри беҳдошти ҳаёту фаъолияти онҳо тамоми имкониятҳоро сафарбар менамояд.

Роҳбарият ва масъулини вазорату идораҳои дахлдор, ки дар мулоқот иштирок доштанд, ҷиҳати то вохӯрии соли 2005 таъмиру таҷдиди бинои Институти гастроэнтрология ва пурра мавриди истифода қарор додани як хобгоҳ барои аспирантони макотиби олӣ дар шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520