Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари намояндагии барномаи тараққиёти СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Уилям Пейтон

11.03.2004 14:00, шаҳри Душанбе

11 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари намояндагии барномаи тараққиёти СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Уилям Пейтонро ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо ба масъалаи вобаста ба авзои кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои СММ табодули назар карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки алҳол дар фаъолияти барномаи тараққиёти СММ иҷрои бахши дуюми барномаи барқарорсозӣ ва таҷдиду рушд мавқеи муҳим дорад. Дар ин самт садҳо лоиҳа амалӣ шуданд ё дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд, ки маблағи умумии онҳо 25 миллион доллари ИМА-ро дар бар мегирад.

Таъкид гардид, ки барномаи тараққиёти СММ бобати ҷалби кӯмаки молиявии кишварҳои сармоягузор бояд нақши ҳамоҳангсоз дошта бошад. Дар марҳилаи ҳозира ин бисёр афзалиятнок буда, мисли татбиқи дигар лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ки бо мақсади дарёфти рушди устувор ба нақша гирифта шуданд, маблағгузориҳои азимро тақозо менамояд.

Бо назардошти муҳиммияти дастгирии соҳаи тандурустӣ,  ба хусус дар ҷодаи мубориза алайҳи паҳншавии СПИД, пешгирии камхунӣ ва дигар бемориҳои сирояткунанда, инчунин татбиқи як қатор лоиҳаҳои вобаста ба таъмини оби тозаи нушокӣ ба қатори муҳимтарин масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо муасссисаҳои СММ арзёбӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯи амнияти минтақавӣ, саҳмгузорӣ дар марҳилаи барқарорсозии давлати Афғонистон дахл намуда, изҳори умед кард, ки дар ин раванд муассисаҳои СММ нақши ҳамоҳангсози худро афзун хоҳад кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520