Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири Фавқулодда ва Mухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ҷаноби Фам Зуй Шон

03.03.2004 14:00, шаҳри Душанбе

3 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Mухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ҷаноби Фам Зуй Шон эътимоднома қабул кард.

Баъди анҷоми маросими расмии эътимодномасупорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон ва сафири Ветнам доир ба ҳамкориҳои самарабахши дуҷониба, дурнамо, инчунин дигар мавзуоти ҷавобгӯи хоҳиши тарафҳо андешаронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки дар ҷараёни робитаҳои дуҷониба ҳанӯз соли 1999 аснои сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ветнам ба марҳилаи наву таърихӣ ва заминагузории асосҳои ҳуқуқию қарордодӣ ибтидо гузошта шуд. Дар ҳамин асос бо ҳамдастии мутахассисони ҳар ду кишвар як қатор корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ бунёд гардида, натиҷаҳои нек медиҳанд.

Сарвари давлат ба сафири Ветнам дар бораи ҷараёни муваффақонаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши коркард ва истихроҷи канданиҳои фоиданоки табиӣ иттилоъ дод.           Таъкид гардид, ки дар соли 2003 дар Тоҷикистон болоравии сатҳи иқтисодӣ вусъат пайдо карда, гардиши маҳсулоти дохилӣ 10 фоизро ташкил дод.

Мусоҳибон дар мавриди он ки дар даврони мураккаби рушди ҷаҳони  муосир мубориза бар зидди терроризм, ки то ҳол омили таҳдидкунандаи хатарнок боқҳ   мондааст, ҳамфикрии хешро баён доштанд.

Сарвари давлат бо таваҷҷӯҳ ба рушди гуфтушуниди сиёсӣ бори дигар аз омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати истиқболи сафари расмии Президенти Ветнам ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520