Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Словения Франци Демшар

02.03.2004 14:00, шаҳри Душанбе

2 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Словения Франци Демшар бинобар оғози фаъолияти дипломатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоднома қабул кард.

Пас аз хатми маросими расмии эътимодномасупорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон ва сафири Словения оид ба дурнамои ҳамкориҳо ва масъалаҳои манфиатноки дуҷониба изҳори андеша намуданд.

«Тоҷикистон ба инкишофи робитаҳо бо мамолики Аврупои шарқӣ ба хусус Словения манфиатдор мебошад, таъкид намуд, - Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки сатҳи кунунии ҳамкориҳо назаррас набуда, танҳо бо ташкили асосҳои беҳтари муносиботи иқтисодию тиҷоратӣ, заминаи қарордодию ҳуқуқӣ ба марҳилаи наву самарабахш ворид сохтани ҳамкориҳои дутарафа имконпазир аст».

Сарвари давлат ба сафир дар бораи вазъи кунунии ислоҳоти иқтисодӣ дар давраи гузариш, татбиқи барномаи эҳёи иқтисодии мамлакат, имконияту захираҳои табиӣ, манбаҳои ашёи хоми қимматбаҳо аз ҷумла нахи пахта, инчунин дигар зироатҳои кишоварзӣ иттилоъ дод.

Ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, ягонагии мавқеи роҳбарияти олимақоми кишварҳояшонро вобаста ба ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавию ҷаҳонӣ бахусус терроризми байналмилалӣ баён доштанд.

Тоҷикистон ва Словения бо ифодаи ҷонибдорӣ аз муборизаҳои ҷаҳонӣ бар зидди терроризм дар марҳилаи барқарорсозии давлати Афғонистон бо татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ саҳм хоҳанд гузошт, зеро ба андешаи тарафҳо оромию суботи ин кишвари азиятдида, омили муваффақонаи пешгирии хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ва авҷи терроризм мебошад.

Сафири Словения изҳор намуд, ки тамоми имкониятҳои мавҷударо баҳри инкишофи равобити дуҷониба бо Тоҷикистон истифода хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520