Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Испания Франсиско Паскуал де ла Парте

24.02.2004 10:00, шаҳри Душанбе

27 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Испания Франсиско Паскуал де ла Парте эътимоднома қабул кард.

Баъди анҷоми маросими расмии қабули эътимоднома Сарвари давлати Тоҷикистон ва дипломати испанӣ доир ба ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо изҳори андеша намуданд.

Мо аз ҳамкориҳои вобаста ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои коркарди зироатҳои кишоварзӣ, тавлиди нерӯи барқ ва рушди сайру саёҳат бо ҷалби мутахассисон ва технологияи пешрафтаи испанӣ, ки сарчашмаи фоидабахши ҳар ду кишвар хоҳад буд, манфиатдор мебошем, афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни сӯҳбат бо назардошти мавқеъ ва таҷрибаи бойи Испания бештар ба истифодаи имкониятҳои сармоягузорӣ дар инкишофи сайру саёҳат, таъмини асосҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкориҳо мароқи хоса зоҳир карда шуд.

Тарафҳо ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ҳамфикрӣ баён дошта, авҷи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро омили халалдор шудани суботу оромӣ ва заминаи ривоҷи терроризми байналмилалӣ маънидод намуданд.

Сафири Испания изҳор дошт, ки омодааст, дар бобати инкишофи бобарори ҳамкориҳои ояндаи дуҷониба саҳми назаррас гузорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520