25 феврал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он масъалаҳои муҳимтарине муҳокима шуданд, ки ҳадафи онҳо беҳтар сохтани шароити иҷтимоию иқтисодии зиндагии сокинони Тоҷикистон ва идомаи ислоҳоти иқтисодӣ мебошад.
Аз ҷумла, дар маҷлис Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2005 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Инчунин, низомномаи комиссияи фавқулоддаи ҷумҳуриявии зидди эпидемия тасдиқ ва масъалаҳо дар бораи хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ, фаъолияти вазорати саноати ҷумҳурӣ дар солҳои 2002 – 2003 ва вазифаҳои марбут ба рушди соҳа муҳокима шуданд. Вазири саноати ҷумҳурӣ Зайд Саидов роҷеъ ба масъалаҳои тараққиёти саноат ҳисобот дод. Фаъолияти Вазорати саноат дар марҳилаи ҳозира қаноатбахш дониста шуд.
Иштирокчиёни маҷлис тадбирҳои амалӣ сохтани фармонҳои Президенти ҷумҳурӣ ва такмили системаи идораи давлатиро баррасӣ намуда, низомномаи тартиби фурӯхтани моликияти давлатро дар савдои музояда ва тартиби фурӯши моликияти давлатро бо роҳи тендер тасдиқ намуданд.
Дар маҷлис лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноӣ», «Дар бораи муқовимат ба хариду фурӯши одамон» ва «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» маъқул дониста шуданд. Ин ҳуҷҷатҳо баъдан ба муҳокимаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.
Иштирокчиёни маҷлис дар доираи иҷрои тартиботи дохилидавлатӣ Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати интиқолии Афғонистонро дар бораи кушодани консулхонаи Афғонистон дар шаҳри Хоруғ, мубодилаи иттилоот дар бораи вазъияти фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ, дар бораи ҳамкории иттилоотӣ барои бартараф сохтани оқибати онҳо ва расонидани кӯмак ба аҳолии зарардида, Созишномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирии оқибатҳои зилзила ва дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму техника ва иттилоот тасдиқ карданд.
Дар маҷлис инчунин масъалаҳои дигари муҳими ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат муҳокима шуданд.