25.02.2004 14:00, шаҳри Душанбе
25 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Шоҳи Марокаш Муҳаммади IV барқия фиристод. Дар он вобаста ба зилзилаи шадиди дар ин мамлакат рухдода ва ҳалокати теъдоди зиёди одамон бар асари он изҳори ҳамдардӣ карда мешавад.