Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Е.Абидаев

24.02.2004 14:00, шаҳри Душанбе

24 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Е.Абидаев эътимоднома қабул кард.

Баъди анҷоми маросими расмии эътимодномасупорӣ Сарвари давлат бо дипломати қазоқ бо баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, доир ба як қатор масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо изҳори назар намуданд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳамкорӣ бо Қазоқистон аҳамияти афзалиятнок дошт ва он боқӣ хоҳад монд, изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Ин амри манфиату ниёзмандиҳои умумии мо мебошад, ки заминаи амиқи таърихӣ дошта, халқҳои мо садсолаҳо дар фазои осоишу ҳамбастагӣ муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ доштанд. Пос доштану қувват бахшидани муносибатҳои дӯстонаву эҳтироми ҷонибҳо вазифаи насли имрӯзу фардо мебошад.

Тарафҳо дар мавриди зарурати ривоҷи муносибати Тоҷикистону Қазоқистон, ки дар ин самт дар ҳар ду кишвар ҳамдигарфаҳмии комил ҳукмфармост, мавқеи ягона доштанд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ба хотири пешрафти ҳамкориҳо такону талошҳои устувор зарур буда, имконияту механизмҳои мувофиқ хеле зиёданд.

Бо изҳори нигаронӣ аз танаффуси чандсолаи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ тазаккур дода шуд, ки эҳёи фаъолияти комиссия ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкилоти мавҷуда ва дарёфти мақсади самтҳои ҳамкориҳо мусоидат менамояд.

Барои рушду ҳамкориҳои дуҷониба имконияту захираҳои истифоданашуда зиёданд. Миёни соҳаҳои муҳими ҳамкорӣ таъмини ҳаракати озоди роҳҳои автомобилгард ва ҳалли мушкилоти обию барқӣ барои тамоми кишварҳои минтақа афзалиятноку қобили қабул аст.

Мусоҳибон иштироки фаъолонаи Қазоқистонро дар амалӣ намудани лоиҳаҳои иқтисодӣ, қабл аз ҳама дар соҳаи гидроэнергетикӣ, истихроҷи захираҳои маъданӣ, зеризаминӣ ва коркарди зироатҳои кишоварзӣ ба ҳар ду тараф манфиатнок арзёбӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуд, ки муносибати байни ду кишвар барои дигар мамолики олам намунаи ибрат гардида, тарафҳо дар таъмини сатҳи баланди эътимоду боварии ҳамкориҳо, ҷиҳати болоравии некӯаҳволии ду халқи бародар саҳм хоҳанд гузошт. Ин омили устувори робитаҳои самарабахш ва ҳифзи муштараки манфиатҳои ҳарду кишвар мебошад.

Сафири Қазоқистон аҳд намуд, ки бо мақсади инкишофи пурсамари муносиботи миёни ду ҷумҳурӣ талошҳои амиқ ба харҷ медиҳад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520