Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Супориш ба сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

11.02.2004 18:00, шаҳри Душанбе

11 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Россия супориш дод, то ба оилаи Султоновҳо, ки дар шаҳри Санк-Петербург аз дасти фашистони навраси ҷинояткор талафоти ҷонӣ дидааст, кӯмаки ҳамаҷониба ва ҳамдардии Сарвари давлатро расонад.

Инчунин Президент таъкид намуд, ки аз рафти тафтишоти ин ҷинояти мудҳиш ба Сарвари давлат мунтазам ахборот диҳанд. Ҷониби Тоҷикистон тақозо дорад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ҷинояткоронро дастгир ва мутобиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашанд.

Ҳодисаи ваҳшиёна кушта шудани духтари 9-сола Хуршеда Султонова ва зери лату кӯб гирифта шудани падараш Юсуф Султонов ва хешовандашон Акобир Ниёзови 11-сола боиси изтироб ва хашму ғазаби мардуми Тоҷикистон гаштааст.

Одамони синну сол ва касбу кори гуногун аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар барқияву зангҳои телефониашон изҳори таассуф мекунанд, ки дар шаҳри Қаҳрамони Санк-Петербург, ки бо хуну ҷони халқҳои бародари собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла падарону бобоёни мо аз дасти фашистони қотил ҳифз шуда буд, имрӯз фарзандонашон аз дасти фашистони навбаромади миллатгаро кушта мешаванд.Ҳамзамон онҳо изҳори умед менамоянд, ки моқомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия минбаъд садди роҳи чунин ҷинояткорон хоҳанд шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520