Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо котиби давлатии (муовини аввали вазири корҳои хориҷии) Маҷористон Андраш Баршон

09.02.2004 10:00, шаҳри Душанбе

9 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо котиби давлатии (муовини аввали вазири корҳои хориҷии) Маҷористон Андраш Баршон, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дар фазои дӯстона доир ба паҳлӯҳои мухталифи ҳамкориҳои дутарафаи Тоҷикистону Маҷористон, пеш аз ҳама дар бахши иқтисодӣ, масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризм ва маводи мухаддир ва масоили вобаста ба вазъи Афғонистон табодули назар намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор дошт, ки мулоқоти имрӯза имконияти мусоиди таҳлили таҷрибаи муносибатҳои байниҳамдигарии ду кишвар ва дарёфти роҳҳои нави афзалиятноки амиқгардонии робитаҳо мебошад, зеро сатҳи мавҷудаи муносибатҳои байни давлатҳоямон он қадар қаноатбахш нест. Ба назари мо байни ду кишвар имкониятҳои истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба ва ба сатҳи олии тарақиёт расонидани онҳо хеле зиёданд.

Бо назардошти мавқеи ягона таъкид гардид, ки ташкили асосҳои беҳтару устувори ҳамкорӣ, коркарди тартиби мувофиқ ва заминаи зарурии ҳуқуқию қарордодӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа мебошанд.

Тарафҳо изҳори умед намуданд, ки далели мавҷуд набудани ихтилофи назар дар мавриди масъалаҳои муҳими байналмилалӣ бояд ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба, ба хусус дар ҷодаи рушди робитаҳои сиёсӣ дар доираи СММ ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо таъсири мусбат расонад, ки ин омил баҳри наздикшавии мавқеи ҷонибҳо доир ба масоили афзалиятноки байналхалқӣ ва дарёфти тадбирҳои зарурии умумӣ мусоидат хоҳад кард.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ва Маҷористон ҷонибдори фаъолияти муборизаи байналмилалӣ бар зидди терроризм буда, он ифодаи саҳмгузории тарафҳо дар ҳалли қазияи Афғонистон ҳамзамон татбиқи барномаҳои муштараки барқарорсозии ин кишвар мебошад.

Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Маҷористон Андраш Баршон афзуд, ки ҷониби кишвараш дар бобати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахши коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ба тавассути ташкили корхонаҳои муштараки консервабарорӣ, таъмини кишоварзон бо техникаи ҳозиразамон, рушди паррандапарварӣ, инчунин инкишофи дорусозӣ ва тайёр кардани мутахассисон омода мебошад.

Дар мулоқот зикр гардид, ки барои танзими ҳамкориҳои самарабахши бисёрсоҳа истифодаи иқтидорҳои мавҷуда зарур аст. Дар ин ҷода соҳаҳое ёдрас шуданд, ки дар муддати кӯтоҳи маблағгузорӣ натиҷаи назаррас медиҳад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520