24 январ таҳти Раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз кард. Рӯзномаи корӣ бо як масъала: «Доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2003 ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2005» тасдиқ гардид.
Нахуст Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов доир ба ин масъала ҳисобот дод. Сарвазири кишвар аз дастовардҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ёдовар шуда, ин пешравиҳоро натиҷаи сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард.
Дар ҳисоботи худ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи камбудию норасоиҳо муфассал сухан ронда, доир ба бартарафсозии онҳо пешниҳодҳои судманд манзур кард. Ҳамзамон роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, кумитаҳо ва дигар муассисаҳои давлатӣ оид ба бурду бохти соҳаҳои хеш дар соли 2003 ҳисобот доданд.
Сарвари Давлат зимни муҳокимаи ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ аз иҷрои нокифояи барномаҳои давлатӣ, раванди сусти ислоҳоти иқтисодӣ, омилҳои халалрасони татбиқи амалии фармону қарорҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзоиши қарзи хоҷагиҳо изҳори нигаронӣ кард.