Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Русия Ноберт Баас

23.01.2004 14:00, шаҳри Душанбе

23 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи ваколатдори Ҳукумати ҶФО дар Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Русия Ноберт Баасро ба ҳузур пазируфт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибатҳои серсоҳаи худ бо Олмон аҳамияти аввалиндараҷа дода, барои рушду густариши доимии ин муносибатҳо ҳамаи чораҳои заруриро хоҳад андешид,- гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Мо ба пешомади густариши ҳамкории дуҷониба некбинона назар мекунем, — илова намуд Сардори давлат.

Ноберт Баас дар навбати худ қайд намуд, ки мавқеъҳои тарафайн аз рӯи масъалаҳои ҳамкории муфиди дуҷониба аз бисёр ҷиҳат умумият доранд. Мувофиқи суханони ӯ тарафи Олмон чораҳои зарурӣ меандешад, ки ҳамкорӣ бо мазмуни мушаххаси амалӣ ва пеш аз ҳама дар самти раванди таҳия ва имзо намудани созишномаи ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ғанӣ гардад. Дар ҷараёни мулоқоти тӯлонию самаранок масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, ҳамчунин мавзӯъҳои дигари сиёсати хориҷӣ, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб мекунанд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазъияти имрӯзаи Афғонистон дахл карда, иброз дошт, ки вазъи марбут ба маводи мухаддир Тоҷикистонро ҷиддан ба ташвиш овардааст. «Мо аз ҷониби Олмон ёрию дастгирӣ ёфтани сохторҳои марбутаи кишварҳоямонро, ки зидди нашъамандӣ мубориза мебаранд, хеле қадр мекунем. Вале имрӯз ин кифоят намекунад, зеро маводи мухаддир аз Афғонистон, ки пеш аз ҳама ба мамлакатҳои Аврупо интиқол дода мешавад, чун пештара меафзояд, гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни гуфтушунид.

Сифати баланди суръати густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистон ва ҶФО назаррас аст.

Тарафҳо изҳори ақида намуданд, ки самтҳои асосии ояндадори ҳамкории байни ҳар ду мамлакат иборат аз ҷалби инвеститсияҳои мустақим дар соҳаи қувваи барқ, тадқиқоти муштараки геологӣ, таъсиси корхонаҳои коркарди пурраи нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ҷиҳати содирот ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин ривоҷи лизинги молиявӣ ва техникӣ маҳсуб мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520