Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои такмили системаи идораи давлатӣ»

19.01.2004 16:00, шаҳри Душанбе

19 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи баъзе чораҳои такмили системаи идораи давлатӣ» ва тағйироти кадрӣ дар сохторҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Фармон баровард.

Аҳамият ва зарурати ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи баъзе чораҳои такмили системаи идораи давлатӣ» ва тағйироти кадриро дар сохторҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ котиби матбуоти Сарвари давлат чунин шарҳ дод:

«Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи баъзе чораҳои такмили системаи идораи давлатӣ» дар заминаи вазорати ҳифзи табиат ва иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба зиммаи он вазифа ва салоҳиятҳои идораи давлатӣ, татбиқи сиёсати давлатии ҳамин соҳа вогузор карда шудааст,  таъсис ёфт.

Ҳамзамон Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии «Хӯрокворӣ», Корпоратсияи ҷумҳуриявии «Мадад», Иттиҳодияи истеҳсолии ҷумҳуриявии «Моҳипарвар» ва Ассотсиатсияи «Саноати гӯшту шир»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои барои мақомоти давлатӣ хос набударо иҷро менамуданд,  барҳам дода шуда, вазифа ва салоҳиятҳои онҳо ба зиммаи вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.

Бо мақсади ба низом даровардани системаи идораи давлатӣ ва мусоидат намудан ба фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Ширкати давлатии ҳавопаймоии “Тоҷикистон” бо гирифтани мақоми корхонаи воҳидии мустақилли давлатӣ аз нақшаи идораи вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ гардид.

Ҷиҳати таъмини самараноки идораи давлатии соҳаи энергетикии ҷумҳурӣ ва фаъолияти дурусти хизматрасонии энергетикӣ, дастгоҳи марказии Ширкати саҳҳомии ҳолдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба сохтори дастгоҳи марказии Вазорати энергетика ворид шуд, ки он боиси таъсиси мақоми ягонаи идораи давлатӣ дар соҳаи энергетика мегардад.

Мавриди зикр аст, ки фармони мазкур дар доираи иҷрои шартҳо ва талаботи чорабиниҳои вобаста ба барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва дигаргунсозиҳои сохтории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ ва татбиқ мегардад. Иқдоми саривақтии Сарвари давлат барои вусъат додани дигаргунсозиҳои сохторӣ дар системаи идораи давлатӣ ва иқтисодиёти мамлакат ва ба низом даровардани мақоми идораи давлатӣ, нақши махсус бозида, ба таъмини шароитҳои мусоидтари фаъолияти иқтисодии комплекси агросаноатӣ, ҳифзи табиат, энергетика, хоҷагии ҷангал ва авиатсияи граждании ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

Ба имзо расидани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии ислоҳоти дигаргунсозиҳои иқтисодию сохторӣ ва такмили системаи сиёсиву иқтисодӣ буда, мақсад аз он ба шароити тағйирёбандаи иқтисоди бозорӣ мутобиқ намудани системаи идораи давлатӣ, татбиқи амалии стратегияи паст кардани шиддати камбизоатӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, инчунин таъмини раванди босуръати амалигардонии дигар барномаҳои дарозмуддати давлатӣ мебошад.

 Мақсад аз тағйироти ҷиддии кадрии сатҳи роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ба мақоми роҳбарӣ ҷалб намудани кадрҳои ҷавону лаёқатманд, мутахассисони кордону ташаббускор ва ҷавобгӯи тафаккури наву созанда буда, ин тадбир омили муҳиму саривақтии барҳам задани зуҳуроти номатлуби бюрократизм ва боздошти такроршавии мақому салоҳиятҳои баъзе сохторҳои давлатӣ мебошад».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520