Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

19.01.2004 14:00, шаҳри Душанбе

19 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон маҷлис аз масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо ва баъзе  тағйироти сохторӣ оғоз ёфт.

Мушовири давлатии Президент оид ба сиёсати кадрҳо Абдуҷаббор Азизов Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои такмили системаи  идораи давлатӣ»-ро қироат намуд. Мувофиқи фармони мазкур бо мақсади муттаҳид намудани баъзе сохторҳои ихтисосӣ, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ ва фаъолияти самараноки кумитаҳои навтаъсис як қатор ташкилоту идораҳо барҳам дода ва иҷрои вазифаҳои онҳо бояд ба зиммаи  вазорату идораҳои соҳавӣ гузошта шавад.

Сардори давлат дар бораи  моҳияти Фармон  «Дар бораи  баъзе чораҳои такмили системаи  идораи давлатӣ» сухан карда гуфт, ки Ҳукумати  ҷумҳурӣ баъди ҳамаҷониба омӯхтани  натиҷаҳои  истеҳсолӣ ва таҷрибаи  солҳои охир андӯхташудаи  низоми идора ошкор намудани омилҳои муайянеро, ки монеаи ислоҳоти иқтисодӣ ва дар навбати аввал монеаи мутобиқати сиёсати  иқтисодию иҷтимоӣ ба талабҳои рушди имрӯзаи ҷомеа мешаванд, қарори мазкурро қабул намуд.

Баъди ба ихтиёри Вазорати кишоварзӣ гузоштани вазифаю ваколатҳои  Корпоратсияи «Хӯрокворӣ», ширкати «Мадад», корхонаи «Моҳипарвар» ва Иттиҳодияи «Саноати коркарди гушту шир» ҳамаи омилҳои  манфие, ки монеаи  фаъолияти муваффақиятноки корхонаҳои бахши мазкур дар шароити иқтисоди бозорӣ мешаванд, бешубҳа аз байн меравад. Муттаҳид намудани дастгоҳҳои  марказии Вазорати энергетика ва Ширкати «Барқи тоҷик» омили рафъи проблемаҳои молиявию техникии ин бахш гардида, ба истифодаи самараноки  захираҳои энергетикӣ мусоидат мекунад.  Дар маҷлис қайд шуд, ки Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикистон» ҳамчун корхонаи мустақилли воҳиди давлатӣ метавонад фаъолияти худро дар бобати таъмиру таҷдид намудани парвозгоҳҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофирон ва харидани тайёраҳои ҳозиразамон беҳтар намояд.

Дар маҷлиси ҳукумат як қатор фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи озод ва таъин кардани роҳбарони  баъзе вазорату идораҳо қироат шуд. Сардори давлат ба роҳбароне, ки бинобар ба кори дигар гузаштанашон аз мансабҳояшон озод карда шудаанд,  барои фаъолияти самаранокашон аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори миннатдорӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон ба роҳбарони нав таъиншуда муваффақиятҳо орзу намуд.

Президенти ҷумҳурӣ қайд намуд, ки ҳар сол ҳангоми тайёрӣ ба маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат фаъолият, натиҷаҳои меҳнатӣ, кордонӣ ва қобилияти ташкилотчигии ҳар роҳбари вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҳамчунин сохторҳои дигари давлатӣ омӯхта ва таҳлил карда мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520