Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили

16.01.2004 09:30, шаҳри Душанбе

16 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили номаи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

- Табрикоти маро ба ифтихори ба мансаби олии Президенти Гурҷистон интихоб шуданатон қабул фармоед.

Аминам, ки ривоҷу густариши минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Гурҷистон дар ҳамаи самтҳо ба манфиати кулли мамлакату халқҳоямон мувофиқ аст.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, дар фаъолияти душвор, вале наҷибатон муваффақиятҳои калон ва ба халқи ба мо дӯсти гурҷӣ хушбахтию беҳбудиро таманно дорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520