Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов

14.01.2004 10:00, шаҳри Душанбе

14 январ Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов вобаста ба ҳодисаи суқути ҳавопаймои  Як – 40  дар фурудгоҳи шаҳри Тошкент барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

Ислом Абдуғаниевичи мӯҳтарам, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари фалокати тайёраи Як – 40 – ро, ки боиси фавти одамон гардид, бо андӯҳи гарону таассуф қабул намуданд.

Аз номи халқи Тоҷикистон ба Шумо таъзияи амиқу самимӣ баён карда, хоҳишмандам ба наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардии моро расонед.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520