Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Майкл Смит

08.01.2004 14:00, шаҳри Душанбе

8 январ Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Майкл Смитро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, инчунин рушди ҳамкориҳои иқтисодии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ шуданд.

Сафири Британияи Кабир талошҳои пайвастаи сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи мубориза бар зидди паҳншавии маводи нашъадор ва пешниҳоду таклифҳои асоснокашро дар мулоқоту вохӯриҳои минтақавию ҷаҳонӣ пурарзиш номида, таъкид кард, ки маводи мухаддир манбаи асосии ривоҷи терроризми байналхалқӣ аст. Аз ин рӯ муборизаи дастаҷамъии кишварҳои олам омили муҳими пешгирии хатарҳои глобалӣ хоҳад буд.

Сафир  иттилоъ дод, ки моҳи феврали соли равон бо ибтикори ҳукумати Британияи Кабир дар шаҳри Кобул конфронси байналмилалӣ доир ба масоили мубориза бар зидди паҳншавии маводи мухаддир бо иштироки кишварҳои минтақа баргузор хоҳад шуд.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳамагуна тадбирҳои ҷаҳонию минтақавӣ дар ҳалли мушкилоти вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.

Сафир ҳамзамон дар асоси пешниҳоди сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷониби СММ эълон гардидани даҳсолаи амалиёти обро боз як қадами устувори дипломатияи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ва манбаи болоравии нуфузи Тоҷикистон миёни кишварҳои сайёра арзёбӣ намуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки на танҳо дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизми байналхалқӣ ва қочоқи маводи мухаддир, балки дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ низ имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёданд ва ба роҳ мондани онҳо ба болоравии сатҳи муносибати миёни Тоҷикистону Бритониё мусоидат хоҳад кард.

Ҷонибҳо дар бобати инкишофи ҳамкориҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, туризм ва омӯзиши забони англисӣ низ табодули афкор намуданд.

Моҳи феврали соли 2004 дар Лондон мулоқоти навбатии кишварҳои сармоягузор  ба иқтисодиёти Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи олӣ баргузор шудани ин вохӯрӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст – изҳор дошт сарвари давлати Тоҷикистон. Ҷаноби Майкл Смит афзуд, ки ҳукумати Бритониё барои самарабахшии мулоқоти кишварҳои сармоягузор талоши амиқ ба харҷ доданист.

Ҷонибҳо зимни сӯҳбат ба зарурату аҳамияти ба вуҷуд овардани заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар сатҳи олӣ мароқи хоса зоҳир намуданд.

Дар мулоқот ба дигар масъалаҳои дорои характери минтақавию ҷаҳонӣ низ дахл карда шуд.

Сӯҳбат дар фазои созандаю самимӣ ҷараён гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520