Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо собиқ Сарвазири Давлати Кувайт шайх Носир Муҳаммад ас-Сабоҳ

15.05.2016 18:02, Кувайт

Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо собиқ Сарвазири ин Давлат шайх Носир Муҳаммад ас-Сабоҳ мулоқот кард.

“Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатии Кувайт, олами Ислом ва арсаи ҷаҳонӣ мешиносанд ва таҷрибаи фаъолияти сиёсии Шумо дар маснади Сарвазири Кувайт шоистаи ибрату таҳсин аст”,- изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни мулоқот аз нақши фаъоли собиқ Сарвазири Давлати Кувайт дар густариши соҳибкории фарохмиқёс ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Кувайт ёдоварӣ шуда, таъкид гардид, ки дар доираи ин сиёсат имрӯз барои ба марҳалаи сифатан нав ворид гаштани муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Кувайт имконият ва заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Бо назардошти мавҷудияти имконият ва заминаҳои зарурӣ ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафтаи Кувайт дар амалӣ гардонидани лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, бунёди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли металлҳои ранга, аз ҷумла қалъагӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавлиди молҳои саноатии мавриди ниёзи мардум ва сайёҳӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба муҳимтарин масоили минтақавӣ, аз ҷумла таъмини амнияту субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва мубориза ба муқобили терроризму ифротгароӣ табодули афкор карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520