Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Панҷакент, Айнӣ, Шамсиддини Шоҳин, Рӯдакӣ ва Сангвор

14.05.2016 10:33, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Асосугузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Панҷакент, Айнӣ, Шамсиддини Шоҳин, Рӯдакӣ ва Сангвор сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни ҳисоботи телефонии худ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбурда доир ба офатҳои табиии шабонарӯзи охир ахборот доданд.

Таъкид гардид, ки дар тамому шаҳру ноҳияҳои мамлакат комиссияҳои ситоди ҳолатҳои фавқулода таъсис ёфта барои саривақт бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ имконоту иқтидорҳои мавҷуда ба пуррагӣ сафарбар карда шудаанд.

Доир ба вазъи роҳҳои байнишаҳрӣ ва маҳаллӣ иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон вазъият дар тамоми шоҳроҳҳои қаламрави ҷумҳурӣ ва роҳҳои байнишаҳрию маҳаллӣ зери назорат қарор дошта ҳаракати нақлиёт дар ҳамаи онҳо пурра имконпазир мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Панҷакент, Айнӣ, Шамсиддини Шоҳин, Рӯдакӣ ва Сангвор барои андешидани чораҳои таъхирнопазир дар барқарорсозии қитъаҳои роҳҳо ва пулҳои аз обхезӣ зарардида, расонидани кӯмакҳои аввалин ба мардуми осебдида ва таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар тамоми шоҳроҳҳо ва роҳҳои байнишаҳрию маҳалии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520