Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ

12.05.2016 17:42, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро, ки ҳайати ҳукумати кишварашро дар расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баланшидати барқи КАСА-1000 роҳбарӣ кард, ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ барои иштироки фаъоли ҷониби Афғонистон дар расми мавриди татбиқ қарор додани тарҳи КАСА-1000 изҳори сипосу минатдорӣ карда, омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои саҳмгузории муштарак дар дигар тарҳу лоиҳаи бузурги энергетикӣ, роҳу нақлиёт ва транзитӣ таъкид намуд.

Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба раванди таҳкиму сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва вазъияти марзи байнидавлатӣ табодули афкор карда зарурияти таҳкими ҳамкории сохторҳои марбутаи ду кишварро дар ин самт махсус таъкид намуданд.

Бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд, ки миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ вобаста ба вазъи минтақа ва таҳаввулоти байналмилалӣ, масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа, мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамкории сатҳи баланд ба роҳ монда шуда дар оянда низ ҳарду кишвар дар ин самт мавқеи ягонаи худро нигоҳ хоҳанд дошт.

Зимни мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба ҳамкории байниҳукумати дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла бозомӯзӣ ва омодасозии мутахассиони соҳаҳои гуногун барои ҷониби Афғонистон ва дигар мавзуҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520