Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Доктор Авул Пакир Ҷайнулабдин Абдул Калам

06.01.2007 09:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов унвонии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Доктор Авул Пакир Ҷайнулабдин Абдул Калам барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, гуфта мешавад:

Табрикоти самимии маро ба муносибати фарорасии иди миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон қабул фармоед.

Тоҷикистон мисли пешин хоҳони пешрафт ва шукуфоии кишвари дӯсти Ҳиндустон ва ҷонибдори рушди пайгири ҳамкориҳои васеъ бо кишвари Шумо мебошад. Мо дар оянда низ аз тамоми имкониятҳо ва захираҳо дар ҳама соҳаҳо ва арсаҳои ҳамкорӣ истифодаи матлуб хоҳем намуд.

Мо мутмаинем, ки равобити дӯстона ва ҳамкории васеи кишварҳои мо омили муҳими сулҳу субот дар минтақаи бузурги Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошад.

Дар ин рӯзи саид ба Ҷаноби Олӣ сиҳату саломатӣ, комёбиву муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба халқи дӯсти Ҳиндустон пешрафту шукуфоӣ ва саодату некрӯзӣ таманно дорам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520