30 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони давлатҳо, созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ниҳодҳои мӯътабари иҷтимоӣ ва молиявии ҷаҳонро бо фарорасии соли нави 2006 табрик намуд. Дар паёмҳои солинавии Сарвари давлат ба сарварон ва мардумони кишварҳои дунё, ҳамчунин масъулон ва кормандони созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ сиҳатӣ, комёбӣ ва саодату комгорӣ таманно шудааст.
Ҳамзамон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёмҳои шодбошии солинавии роҳбарони давлатҳо, созмонҳо ва ниҳодҳои мӯътабари минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин сарварони муассисаҳои гуногун ирсол шудаанд.
Дар паёми табрикии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин аз ҷумла чунин омадааст:
"Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимонаи маро ба муносибати фарорасии соли нави 2006 бипазиред.
Соли сипаришаванда халалнопазирии анъанаҳои дӯстӣ ва ҳамкории миёни Россия ва Тоҷикистонро, ки ба ҳамёрии баробарҳуқуқ, мутақобилан судманд ва шарикии стратегӣ асос ёфтаанд, собит намуд.
Ман ба рушди минбаъдаи пайгири равобити Россия ва Тоҷикистон ба нафъи кишварҳо ва халқҳоямон ва ба манзури созандагӣ ва пешрафт итминон дорам.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, аз самими қалб сиҳатии комил, хушбахтӣ ва комёбиҳо ва ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон саодати зиндагӣ ва шукуфоӣ орзӯмандам".
Дар паёмҳо ва барқияҳои табрикии Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин - Ху Тзинтао, Президенти Туркманистон - Сафармурод Ниёзов, Президенти Ҷумҳурии Литва - Валдас Адамкас, Президенти Ҷумҳурии Ирландия - Мэри Макелис, Сарвазири Канада - Пол Мартин, Герсоги бузурги Люксембург - Генри, сарварони созмонҳои байналмилалӣ ба Сардори давлат ва тамоми мардуми кишвар таманниёти беҳтарин иброз шудааст.
Вуруди номаҳо ва паёмҳои табрикӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз идома ёфт.