Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27.12.2005 14:00, шаҳри Душанбе

27 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он наздики 30 масъалаи муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар оғози ҷаласа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал бароварда шуд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дона Гулмирзоев аз вазифаи ректори Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон озод карда шуд.

Сироҷиддин Комилов, ки дар вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард, ректори Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон таъин гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрдамчии Сарвари давлат Сӯҳроб Шарипов ба вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Масаид Ҳомидов аз вазифаи муовини вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ озод ва ба вазифаи роҳбари муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона", таъин гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз бори дигар ба камбудию нуқсон ва қонуншиканиҳои дар маҷлиси машваратии умумиҷумҳуриявии соҳаи маориф ошкоргашта таваҷҷӯҳи ҳозиринро махсус равона карда, баҳри бартараф намудани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Бо ёдоварӣ аз камбудиҳои соҳаи маориф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки имрӯзҳо аз тариқи интернет арзу шикоятҳои мардум оид ба ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, милитсия, андоз, гумрук низ ворид шуда истодаанд ва изҳор дошт, ки ҳама арзу шикоятҳои мардум мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Сипас дар ҷаласаи Ҳукумат    дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" ва мавриди амал қарор додани он" - гузориши вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддиннов шунида шуд.

Масъалаи мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони вазоратҳои иқтисод ва савдо, даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони дахлдор мавриди муҳокимаи муфассал қарор гирифт. Бо назардошти эроду пешниҳодҳои муфиди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои ҳукумат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора тасдиқ гардид.

Бо баррасии масъалаи буҷети давлатӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини маоши саривақтии кормандони соҳаи маориф, пурра пардохтани қарзи маош супоришҳои қатъӣ дод. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ба соҳаи рушд ва дастгирии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ҷудо намудани маблағи иловагии 3 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шавад.

Дар ҷаласа гузориши мудири шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохон Маҳмадов ва раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" Маҳмадамин Маҳмадаминов дар бораи фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" дар самти пардохти нафақа шунида ва оид ба он қарори дахлдор қабул карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, изҳор дошт, ки ғамхорӣ ба пиронсолону маюбон ва ятимону бепарасторон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат аст ва баҳри ҷоннок намудани кори сохторҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, пеш аз ҳама, таъмини саривақтии онҳо бо нафақа ва кӯмакпулӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Қайд карда шуд, ки дар натиҷаи санҷиши гурӯҳи кории бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсисдодашуда, дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби муайян гаштани нафақаҳое, ки ба номи шахсони кайҳо аз қайди ҳаёт рафта ҷудо мешуданд, шумораи нафақагирон беш аз 17 ҳазору 600 нафар кам гардид. Аз ин ҳисоб зиёда аз як миллион сомонӣ ба буҷети ҷумҳурӣ баргардонда шуд.

Бо назардошти камбудиҳои ҷиддии ин соҳа ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки таъмини маошу нафақа ва кӯмакпулиҳоро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор дастур дод, ки баҳри зиёд намудан ва саривақт пардохтани нафақа ва кӯмакпулиҳо тадбирҳои судбахши иловагӣ андешида шаванд.

Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар инкишоф ва тарғибу ташвиқи минбаъдаи фарҳанги пурғановати мардуми мо метавонад нақши муассир дошта бошад, баъди гузориши вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Раҷабмад Амиров тасдиқ карда шуд.

Дар мавриди татбиқи амалии консепсияи рушди фарҳанг Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи масъулинро ба масоили омода кардани кадрҳо, мутахассисони нодири соҳа, аз ҷумла дар бахши шашмақом, оркестри симфонӣ, опера, балет, тарғиби фарҳанг, мусиқии классикии миллӣ ва ҷаҳонӣ равона намуд.

Барномаи мубориза бо бемориҳои тропикӣ (вараҷа) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010, ки як қатор тадбирҳои муҳимро баҳри пешгирӣ ва табобати саривақтии баъзе бемориҳои хатарноки сирояткунанда дар бар мегирад, пас аз гузориши вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Файзуллоев тасдиқ гардид.          

Дар ҷаласа лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ" ва      Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" муҳокима гашта, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи номгӯи объектҳои ҷуғрофӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.

Қоидаҳои ситонидан ва ё иваз намудани моли аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда ҳангоми анҷомдиҳии таҳвили назоратшаванда баъди гузориши вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии ҷумҳурӣ Ғулом Бобоев ва Дастурамали тартиби ягонаи гузаронидани экспертиза, тасдиқ, маблағгузорӣ ва назорати лоиҳаҳои оид ба бунёд ва рушди иншоотҳои иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гузориши вазири иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ҳаким Солиев ва муҳокимаи аъзои ҳукумат тасдиқ карда шуданд.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази идораи Лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона" ва дар бораи таъсиси корхонаҳои давлатии фаръии Корхонаи воҳиди давлатии "Марказ Замин"-и Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба танзим даровардани тартиботи тақсими замин барои сохтмони манзилҳои шахсӣ, манъ кардани тақсими заминҳои обӣ бо ин мақсад ба шахсони дахлдор супоришҳои қатъӣ дод.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи андоза ва тартиби хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили фароғати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, таъмини хӯроки парҳезӣ ва дигар тадбирҳои тандурустию профилактикӣ дар соли 2006 ва оид ба таъмин намудани аҳолии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо молҳои ниёзи аввалиндараҷа, ангиштсанг ва сӯзишвории дизелӣ муҳокима гашта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар фароварди ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии дар машварати умумиҷумҳуриявии соҳаи маориф ошкоргашта, омӯзиш ва санҷишу тафтиши дақиқи арзу шикоятҳо ва таклифу дархостҳои мардум ва ҳамаҷониба беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва вазъи ҳуқуқии муассисаҳои таълимӣ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар охир ҳамаи аъзои ҳукумат ва иштирокдорони ҷаласаро бо арафаи соли нави милодӣ табрику таҳният гуфта, ҳамзамон дастур дод, ки дар рӯзҳои пешвози соли нав кори мунтазами муассисаҳои соҳаи газу барқ таъмин карда шавад, риояи техникаи бехатарӣ ва пешгирии сӯхтор дар ин рӯзҳо зери назорати қатъӣ гирифта шавад, чорабиниҳои идона хуб ташкил гарданд, фурӯш ва истифодаи маводи пиротехникӣ, ки ба саломатии кӯдакону наврасон зарари ҷиддӣ доранд, пешгирӣ карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли равон ва нақшаҳои корӣ дар соли оянда як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

27 декабр тибқи натиҷаҳои омӯзиш ва санҷиши дақиқи арзу шикоятҳои мардум доир ба соҳаи маориф, ки аз тариқи сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи умумиҷаҳонии интернет ва Телевизиони Тоҷикистон ба унвони Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ворид гаштаанд, барои роҳ додан ба камбудию нуқсонҳои ҷиддӣ дар фаъолияти корӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти идораҳои дахлдори давлатии ҷумҳурӣ боз як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ карда шуд.

Имрӯз ҳамчунин сардори идораи маорифи вилояти Суғд Мунаввар Маликисломов аз вазифа озод гардид.

Бояд тазаккур дод, ки ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи шабакаи умумиҷаҳонии интернет номаҳои арзу шикоятӣ доир ба бисёр соҳаҳои дигар низ ворид гашта истодаанд, ки ҳамаи онҳо мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор хоҳанд гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520