Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати умумиҷумҳуриявии кормандони соҳаи маориф

22.12.2005 14:00, шаҳри Душанбе

22 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати умумиҷумҳуриявии кормандони соҳаи маориф, ки он дар таърихи соҳибистиқлолии давлати навини Тоҷикистон бори нахуст барпо мегардад, иштирок намуд.

Дар машварат роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илму маориф, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони идора ва мудирони шӯъбаҳои маорифи кулли вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Дар машварат баъди тасдиқи рӯзномаи корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон аз роҳи тайнамудаи соҳаи маориф, мушкилоту нуқсонҳои қаблӣ, марҳилаҳои аввали ислоҳоти соҳа ва тадбиру талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ривоҷу равнақи мактабу маориф ёдрас шуда, махсус таъкид кард, ки тайи 15 соли охир рушди соҳаи маориф аз самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт ва оянда низ ин масъала мавриди диққати ҷиддӣ хоҳад буд.

Агар дар соли 2000 барои пешбурди соҳаи маориф 42 миллион сомонӣ, соли 2002 111 миллион сомонӣ, соли 2004 121 млн сомонӣ, соли 2005 268 миллион сомонӣ ҷудо гардида бошад, пас дар Буҷети давлатии соли 2006 бо ин мақсад 336 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз нишондиҳандаи соли 2000-ум 7-маротиба зиёд аст.

Танҳо дар ду соли охир барои таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани мактабҳо 21 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Солҳои 2004 - 2005 дар водии Рашт ва дигар навоҳии кӯҳистони вилоятҳои Суғду Хатлон 80 мактаби нав бунёд, таъмир ва бо воситаҳои ҳозиразамони таълимӣ таҷҳизонида шуданд.

Дар маҷмӯъ барои пешрафти 4000 муассисаи таълимӣ 22 фоиз маблағҳои Буҷети давлатӣ равона карда мешавад.

Танҳо дар марҳилаи соҳибистиқлолӣ 25 донишгоҳу донишкада таъсис ёфта, шумораи умумии мактабҳои олӣ ба 38 адад расид.

Баҳри таъмини шароитҳои мусоиди таҳсил дар мактабҳои олӣ барои духтарони ноҳияҳои дурдаст квотаи президентӣ созмон дода шуд, ки даҳҳо ҳазор духтарони маҳаллӣ соҳиби унвони донишҷӯ гардиданд ва барои онҳо хобгоҳ ва дигар имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар бархе аз шаҳру ноҳияҳо ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таъмини мактабҳо бо компютер ва дигар технологияи муосир қасдан беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Дар бархе аз ноҳияҳо ҳодисаҳои ришваситонӣ ҳангоми тақсими компютерҳои аз ҳисоби хазинаи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон харидоришуда ва дар хонаҳои шахсӣ пинҳон кардани онҳо мушоҳида шудааст.

"Натиҷаи санҷишҳои мутахассисон шаҳодат медиҳад, ки аз каммасъулиятии вазорати маориф, мақомоти маҳаллӣ ва роҳбарони мактабҳои олӣ сатҳи таълим аз талаботи давр хеле қафо мондааст. Бар хилофи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими ҷамъоварии ҳосил дар баъзе навоҳии мамлакат мактаббачагону донишҷӯён ба пахтачинӣ ҷалб шудаанд, ки омили халалрасони сифати таълиму тарбияи насли наврас мебошад", - тазаккур дод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

"Новобаста ба 12 маротиба баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи маориф ҳанӯз ҳам музди меҳнати омӯзгорон ҷавобгӯи талаби рӯз нест", - афзуд Сарвари давлат ва ба вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод, ки дар моҳи январи соли 2006 ҷиҳати зиёд намудани маоши маорифчиён пешниҳод омода созад. Раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо низ ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави ҳавасмандии кормандони соҳаи маориф тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Дар масъалаи чопи китобҳои дарсӣ мушкилоту норасоиҳо хеле зиёданд. Маблағҳои инвеститсионӣ ғайримақсаднок истифода мешаванд. Бар асари беэътиноии роҳбарияти вазорати маориф 4 номгӯи китоби дарсӣ, ки бо маблағи калон дар хориҷи мамлакат чоп шуда буд, аз барномаи таълимӣ хориҷ щуданд. Дар ин самт масъулин ба ришвахурӣ, хешутаборчигӣ ва манфиатҷӯии шахсӣ роҳ додаанд.

Аз рӯи маълумоти оморӣ то соли 2015 шумораи мактабиёни ҷумҳурӣ ба 2 миллиону 250 ҳазор нафар хоҳад расид, ки сохтмони даҳҳо мактабҳои наву таъмини боз 700 ҳазор ҷойи нишаст зарур аст.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи хусусигардонии мактабҳо низ камбудиҳо ҷой доранд.

Бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолият ва пешгирии ришваҷуӣ таъмини мустақилияти молиявии муассисаҳои таълимӣ талаби замон аст, - иброз дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастур дод, ки кулли роҳбарону масъулини муассисаҳои таълимӣ (ба истиснои ректорони мактабҳои олӣ) аз аттестатсия гузаронида, таъини мудирони шӯъбаҳои маориф бо мувофиқаи Вазорати маориф ҷараён гирад.

Дар масъалаи номзадҳо ба квотаи Президентӣ, гирифтани медалҳои тилло ва нуқра баъди хатми таҳсили миёна ва асосӣ манфиатҷӯиҳои мансабдорон эҳсос мешавад, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки бо мақсади назорати маблағҳои воридшуда ба мактабҳо дар кулли муассисаҳои таълимӣ Шӯрои назоратии ҷамъиятӣ созмон дода шавад.

Дар баъзе муассисаҳои таълимӣ танҳо ба хотири истиқболи комиссияҳои тафтишотӣ омодагӣ мегиранд ва дар ин маврид ришваситонӣ ҷой дорад. Вақти он расидааст, ки чунин комиссияҳои қолабӣ барҳам дода шаванд, зеро онҳо хосси марҳилаи имрӯзаи пешрафт нестанд. "Дар ин бора, - иброз дошт Сарвари давлат, - ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи сайти интернет шикоятҳои зиёд расидаанд".

Бо мақсади ҷалби мутахассисони ҷавон ба мактабҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои молия ва маориф супориш дода шуд, ки барои се соли аввали фаъолияти ҷавонон имтиёзҳо пешниҳод намоянд.

Донишҷӯён аз он шикоят доранд, ки устодон китобҳои худро ба онҳо мефурӯшанд, 60 фоизи донишҷӯён аз сатҳи савияи дониши худ қаноатманд нестанд.

Маблағҳои аз ҳисоби шартнома воридшуда, мақсаднок истифода намешаванд. Тарзи қабули имтиҳонҳои дохилшавӣ такмил мехоҳад. Барои пешниҳоди роҳҳои наву самараноки имтиҳонҳои қабул ва таъмини шаффофияти он Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардид ва Сарвари давлат ҳамзамон супориш дод, ки дар давоми ду моҳ ҷиҳати таъмири асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Қандил Ҷӯраев пешниҳод омода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори ташвиши ҷиддӣ кард, ки мактаби олӣ ба хотири ҷалби ҳарчи бештари маблағҳои шартномавӣ сол то сол новобаста ба иқтидори мавҷудаи иншоот, мутахассисон ва дигар заруратҳои таълимӣ шумораи донишҷӯёнро афзун мегардонанд.

Агар соли 2004 ба мактабҳои олӣ 24000 нафар донишҷӯ қабул шуда бошад, пас дар соли 2005 32000 нафар ҷавон ба донишгоҳу донишкадаҳо, яъне 8000 нафар бештар аз соли гузашта дохил шудааст. Сарвари давлат ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод, ки бо мақсади дарёфти роҳҳои нави маблағгузории иловагӣ барои мактабҳои олӣ аз ҳисоби шартномаҳои қабул пешниҳод омода намояд.

Ҳамзамон вазоратҳои марбута ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷатҳо вобаста ба таъсис ва рушди муассисаҳои хусусии таълимӣ тариқи мушаххас вазифадор шуданд.

"Ривоҷи соҳаи маориф аз талошҳои ҳамаҷонибаи ҳар як сокини соҳибифтихори Ватан вобастагии амиқ дорад", - гуфт дар хотимаи суханрониаш Сарвари давлат.

Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов дар ҳузури иштирокчиёни машварат доир ба ҷараёни ислоҳоти соҳа, пешрафту норасоиҳои мавҷуда ва нақшаҳои вазорат дар мавриди дарёфти роҳҳои ҳалли масоили ташвишовари соҳа ҳисобот дод.

"Мактабҳои олӣ танҳо ба хотири ҷалби ҳарчи бештари донишҷӯён тариқи шартнома аз меъёри муайяншуда зиёд донишҷӯ қабул кардаанд",- гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аснои баррасии ҳисобот.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки вазорату идораҳои дахлдор ба ҳама саволу дархост, пешниҳод ва шикояти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва телевизиони Тоҷикистон ворид шудаанд, ҷавоби мушаххас хоҳанд дод ва бархе аз онҳоро қироат кард.

Сипас раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва мудирони шӯъбаҳои маорифи кулли шаҳру ноҳияҳои манотиқи ҷумҳурӣ доир ба эроду андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва арзу шикоятҳои ба сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгашта ҳисобот дода, ҳамзамон изҳор доштанд, ки баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ҳамаҷониба талош хоҳанд кард.

Сарвари давлат ба масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин арзу шикояти аҳолиро вобаста ба мушкилоти соҳаи маориф ва манфиатҷӯию ришваситонӣ омӯхта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд. "Бояд вайронкунандагони талаботи қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд, то ки зуҳуроти номатлуби ҷомеа пешгирӣ гардида раванди демократикунонӣ таҳким ёбад", - таъкид кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алимамад Ниёзмамадов, раиси вилояти Суғд Қосим Қосимов, раиси вилояти Хатлон Амиршо Миралиев, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раисони шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ тариқи ҳисоботи муфассал доир ба авзои кунунии маориф дар минтақаҳо андешаронӣ намуда, эродҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро воқеию ифодаи бемасъулиятии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маънидод карданд, ҳамзамон вазифадор шуданд, ки ҳарчӣ зудтар аз пайи дарёфти ҳалли масъалаҳои ҷойдошта талош ба харҷ диҳанд.

Машварати кормандони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ аз ҷониби иштирокчиён, ҳамчун анҷумани бонуфузи соҳаи маорифчиёни мамлакат арзёбӣ гардида, ба ташаббускори асосии он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мужда расонид, ки соли 2006 боз дар ҷумҳурӣ 500 синфхонаи компютерӣ созмон ёфта, воситаҳои технологии муосир бевосита ба худи маъмурияти мактабҳо расонида мешавад. Масъулини вазорату идораҳои дахлдор барои пешниҳоди роҳҳои таъминоти мизу курсӣ ба мактабҳо, инчунин таъсиси ҷоизаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзгорони беҳтарини мамлакат соле як маротиба вазифадор шуданд.

Сарвари давлат ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки фаъолияти худро ҳар субҳ аз огоҳӣ бо авзои соҳаи маориф оғоз намоянд, зеро танҳо дар ҳолати рушди муваффақонаи соҳаи маориф ба пешрафти бобарори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ноил хоҳем шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520