Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашриёти "Глобал Скопарли Пабликейшнз"-и ИМА китоби "Тоҷикистон ва нақши он дар ҳалли масоили умумибашарӣ" аз чоп баровард

17.12.2005 16:00, шаҳри Душанбе

Нашриёти "Глобал Скопарли Пабликейшнз"-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо номи "Тоҷикистон ва нақши он дар ҳалли масоили умумибашарӣ" аз чоп баровард, ки дар он суханронӣ, мақола, нутқ ва мусоҳибаҳои Сарвари давлатамон дар масъалаҳои муҳимми ҳаёти байналхалқӣ ва проблемаҳои сиёсати дохилии Тоҷикистони соҳибистиқлол гирд омадаанд.

Дар он бобҳо аз китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих", суханронӣ дар таҷлили 1100-солагии Давлати Сомониён, нутқи пурмуҳтаво дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 5-умин солгарди Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, баромад дар Саммитҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Будапешт ва Истамбул, изҳорот дар иҷлосияи Ассамблеяи Генералии СММ ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиб оварда шудаанд.

Яке аз намунаҳои олии муаррифии китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешгуфтори он ба ҳисоб меравад, ки ба қалами роҳбари нашриёти "Глобал Скопарли Публикейшнз" профессор Мараведҷ тааллуқ дорад. Дар он аз ҷумла омадааст:

 "Дар ин китоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намунаи ба даст овардани сулҳ бо роҳи гуфтушунидҳои самарабахшро дар ҳошияи зуҳуроти зерини дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон рухдода, ба қалам додааст.

а) Баъди аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудо гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991, Тоҷикистон дучори ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ гардид, ки он ҳаёти зиёда аз 100 ҳазор одамро барбод дода, ба иқтисодиёт чандин миллиард доллари амрикоӣ зарар расонд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон равшанӣ меандозад, ки чӣ гуна Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо роҳи гуфтушунидҳои дипломатӣ, асосан ҳамкориҳои созишкорона ва бошуурона, ба хотири ҳифзи ягонагии миллӣ сулҳ ба даст оварад. Роҳҳои асосии ба даст овардани ин сулҳ дар шароити муносибати некбинона бо ҳамаи тарафҳо, тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, дар роҳи устувори ягонагии миллӣ, ки давоми 10 соли баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ пойдор мондааст, натиҷаи худро дорост.

б) дар роҳи расидан ба ҷомеаи комилан орому устувор, роҳу усулҳои дипломатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз самтҳои зерин иборатанд. Дар навбати аввал таҳкими демократия ба воситаи гузаронидани интихоботи шаффофи парлумон ва шохаҳои ҳокимияти иҷроия дар асоси эҳтироми ҳуқуқи инсон ва принсипҳои ҳақиқати иҷтимоӣ. Ба ғайр аз ин эҳтироми андешаҳои гуногуни динию қавмӣ дар доираи шаклҳои дунявии идоракунӣ ва ҷараёни хусусигардонии иқтисодиёт, маҳаки устувори рушди иҷтимоиву иқтисодии демократия мебошад. Ҳукумат савдои беруниро қадр ва инвеститсияи хориҷиро аз милликунонӣ ҳимоя карда, ба воридшавии арзи хориҷӣ мусоидат менамояд.

в) Барномаи олии эътирофнамудаи СММ Тоҷикистонро ҳамчун ташаббускори марказӣ барои роҳ ёфтан ба оби тоза ва гидроэнергетика дар минтақа ва ҷаҳон эътироф мекунад.

г) Президент Эмомалӣ Раҳмон аз масъалаҳои махсусиятдоштаи минтақаи Осиёи Марказӣ дар ташвиш буда, бо давлатҳои ҳамсоя ва ҳамчунин баҳри ҳалли онҳо бо кишварҳои абарқудрат ҳамкорӣ мекунад. Ин ҳамкориҳо бо далелҳои гуногун алоқаманд, вобаста ба идомаёбии мухолифат дар Афғонистон ва ҳамчунин ҷинояткориҳои трансмиллию фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.

д) Талоши дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мувофиқаю гузашти оқилона ва эҳтироми нуқтаи назари мухталифи миллию мазҳабӣ мебошад. Дар замоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи озоду демократии пешрафтро дар сохтори давлатдории худ интихоб кард, бо дигар халқу давлатҳо, ҷумҳуриҳои исломии гуногунсавия, инчунин давлатҳои дорои сохтори конститутсионӣ ва шоҳигарӣ робитаҳоро таҳким бахшид.

Президент андешаи зарурати "таҳмили" сохти давлатдории хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон инкор менамояд.

Ба ҷои ин бо таъсиси Ҳукумати шаффоф, ба ҷомеаи Тоҷикистон имконияти васеи интихоботи парламентии тариқи овоздиҳии умумихалқиро фароҳам овард, ки ифодаи амиқи мароми мардум ва барои мардум аст.

Чунин шакли самимии ҳукумати демократӣ дар Тоҷикистон ваҳдати ҳамаи нерӯҳои сиёсии ҷомеаро чун як оилаи ягона, ки аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои баробар бархӯрдоранд, таъмин менамояд. Илова ба ин, Президент хонандаро ба омӯзиши таъриху маданияти халқи тоҷик, ташаккули тамаддун ва инкишофи он дар замони антиқа ва асрҳои миёна даъват менамояд.

Калонтарин муҷассамаи Буддо дар дунё дар Тоҷикистон аст, ки он баёнгари мероси ғании динҳои ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба ғайр аз ин дар бойгониҳои Тоҷикистон бештар аз 50000 нусха дастхатҳои қадима ва асрҳои миёна маҳфузанд. Осори меъморӣ ва бостоншиносии маданияти бою рангин дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ба чашм мерасанд.

Тақозои замон аст, ки имрӯз дар Душанбе як маркази тадқиқотию маърифатӣ таъсис дода шавад, ки бунгоҳи асосии ҳамаи осорхонаҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳқиқотӣ барои олимони ҷумҳурӣ, ҳам барои олимони беруна ва ҳам барои сайёҳоне бошад, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон омада, рӯҳи ҳақиқии мероси бикри адабӣ, илмӣ, фалсафии ҷаҳонро дар Осиёи Миёна эҳсос намоянд."

Китоб бо теъдоди зиёд нашр гардида, барои сиёсатмадорон, муҳаққиқони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, ҳамчунин доираи васеи хонандагон пешниҳод гардидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520