Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Фаронса хонум Мишел Алио Мариро бо як гурӯҳ соҳибкорони давлати Фаронса

19.12.2005 14:00, шаҳри Душанбе

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Фаронса хонум Мишел Алио Мариро бо як гурӯҳ соҳибкорони давлати Фаронса, ки ӯро ҳамроҳӣ доштанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои мутоқобилан судманди Тоҷикистону Фаронса мавриди муҳокима қарор гирифт.

"Мехостам сӯҳбатро аз он оғоз кунам, ки таҳкиму густариши ҳамкориҳо бо Фаронса аз самтҳои афалиятноки сиёсати хориҷии давлати мо аст", - изҳор дошт дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ташрифи ҳайати ҳамроҳони Мишел Алио Мариро, ки аз намояндагони Ҳукумат, Парлумон ва соҳибкорону саноатчиёни Фаронса иборат аст, натиҷаи босамари гуфтушунидҳои Сарвари давлати Тоҷикистон бо Президенти Фаронса Жак Ширак ва вазири мудофиаи ин кишвар, ки моҳи октябри соли равон дар Париж сурат гирифта буд, арзёбӣ намуд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари идораи дифоии Фаронса Мишел Алио Мари дуруду паёми солинавии Президенти Фаронса Жак Ширак ва табрикоти шахсии худро расонда, ба Сарвари давлат барои саҳми арзандаю намоёни Тоҷикистон дар доираи эътилофи байналимилалии зиддитеррористӣ, расондани кӯмаки зарурӣ ба қувваҳои низомии Фаронса баҳри иҷрои вазифаҳояшон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин саҳмгирӣ дар бозсозии баъдиҷангии ин кишвари азияткашида изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Мишел Алио Мари ба масоили ҳамкориҳои дуҷониба дахл намуда, изҳор дошт, ки,- "мо мехоҳем ва мусоидат ҳам мекунем, ки Тоҷикистон кишвари пешрафта ва беҳтарин намунаи рушду камол дар ин минтақа гардад".

Ҷонибҳо атрофи масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар доираи муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба оид ба масоили амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, авзои кунунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва расондани кӯмак ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Ҳайати ҳамроҳони вазири мудофиаи Фаронса ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳайё гаштани шароити мусоиди корӣ тайи ду рӯзи дар Тоҷикистон қарор доштанашон изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки дар ин муддат онҳо тавонистанд, як қатор дидору гуфтугӯҳои судбахш дар сатҳи вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон анҷом диҳанд.

Тайи сӯҳбати тӯлонии пурмуҳтаво, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт, ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстонаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520