Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

17.12.2005 11:00, шаҳри Душанбе

17 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳолати воқеии татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионие, ки аз ҷониби институтҳои молиявии байналмилалӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, муовинони Сарвазир Асадулло Ғуломов ва Хайринисо Мавлонова, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов, мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шӯъбаҳо ва дигар масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, раисони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҷараёни татбиқи амалии сиёсати инвеститсионии Ҳукумати Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ амалӣ гардонидани барномаву лоиҳаҳои сармоягузориро дар бунёд ва барқарорсозии иншооти коммуникатсионӣ, гидроэнергетикӣ, соҳаҳои истеҳсолӣ ва инфраструктураи иҷтимоӣ мавриди таҳлилу баррасии муфассал қарор дод.

"Дар натиҷаи ҳамкории босамар бо онҳо дар Тоҷикистон 43 барномаву лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 360 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, пурра татбиқ карда шуд", - таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат ҳамчунин иброз намуд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 610 миллион доллари амрикоӣ як қатор лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки 85 фоизи маблағҳои онҳо аз ҳисоби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо мебошанд. Зиёда аз 83 миллион доллари амрикоии ин маблағҳоро грантҳо ташкил медиҳанд, ки аз ҷониби донорҳо ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҷудо карда шудаанд. Саҳми Ҳукумати Тоҷикистон дар маблағгузории лоиҳаҳои инвеститсионӣ 280 миллион сомониро ташкил медиҳад.

"Дар доираи ин лоиҳаҳои сармоягузорӣ, - афзуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - ислоҳоти сохтори давлатӣ, беҳбудии вазъи соҳаҳои саноат, энергетика, алоқа, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, экология, таъминоти об, воситаҳои ахбори умум ва бахши хусусӣ ба эътидол оварда мешаванд".

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин тазаккур дод, ки ҳоло мувофиқи тартиби нав, кӯмакҳои молиявӣ бевосита ба буҷети ҷумҳурӣ ворид гардида, барои татбиқи барномаҳои соҳавии Ҳукумат истифода бурда хоҳанд шуд. Чунин тадбир самарабахшии кӯмакҳои молиявиро бештар намуда, ба афзоиши иқтидори иқтисодии вазорату идораҳои соҳавӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар баробари ин, ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки инвеститсионӣ диққати асосии Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи ҳарчи бештар ҷалб намудани маблағҳои беруна, хусусан грантҳо нигаронида шудааст.

Дар натиҷа, соли ҷорӣ ҷиҳати татбиқи 7 лоиҳаи нав созишномаҳо дар ҳаҷми умумии зиёда аз 90 миллион доллари амрикоӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба имзо расонида шудааст, ки аз он 69 фоиз маблағи қарзӣ ва 31 фоиз маблағи грантҳо мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони маркази татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба камбудиҳои ҷойдошта сабабҳои қафомонӣ аз нақша ва аз худ нагаштани маблағҳои пешбинишуда ҳисобот пурсида, баҳри бартараф намудани нуқсонҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин камбудию нуқсонҳои ҷиддиро дар фаъолияти ҳама сохторҳои дахлдор ошкор намуда, баҳри бартараф кардани онҳо ва андешидани чораҳои муассир супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла ба вазоратҳои иқтисод ва савдо, молия, адлия, корҳои хориҷӣ ва Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки якҷоя бо дигар сохторҳои давлатӣ лоиҳаи низомномаи ягонаи ҷалб, истифода ва мониторинги кӯмаки берунаро таҳия намуда, то 1 июли соли 2006 ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.

Ба Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтию босифати лоиҳаҳо назоратро пурзӯр намояд ва барои беҳтар намудани идоракунии молиявии лоиҳаҳо чораҳои зарурӣ андешад.

Сарвари давлат рафти азхудкунии маблағҳои инвеститсиониро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ сахт зери танқид гирифта, аз ҷумла таъкид дошт, ки аз 122 млн. доллари амрикоӣ дар муддати 11 моҳи соли равон танҳо 85 млн. доллар аз худ карда шуд. Аз ин ҷиҳат барои азхудкунӣ ва истифодаи самарабахши маблағҳо ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ҷараёни татбиқи лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанберо ташвишовар арзёбӣ намуда, баҳри бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва тезонидани корҳои мувофиқасозии лоиҳа ба раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур дод, ки бо институтҳои молиявии маблағгузор ҳалли масъалаи мазкурро зери назорати қатъӣ қарор диҳад.

Супориш дода шуд, ки ҳолат ва рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, камбудию нуқсонҳо ва қонуншиканиҳои дар ин ҷода ҷойдошта дар воситаҳои ахбори умум васеъ инъикос шавад, то ки мардум аз он бохабар бошанд.

Раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки риояи тартибу расмиёти қабули корҳои анҷомдодашуда ва таҷҳизоти воридаро таъмин намуда, масъалаҳои маблағгузорӣ ва нигоҳдории онҳоро дар оянда таъмин кунанд.

Дар фароварди машварат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани шароити маишии аҳолӣ дар мавсими зимистони солҳои 2005 - 2006, ҷамъбасти натиҷаҳои соли равон, омодагӣ ба ҷашну чорабиниҳои бузурги соли оянда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520