Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндаи махсуси Дабири Кулли Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) оид ба корҳо дар Осиёи Марказӣ ва Кавказ Роберт Симмонс

16.12.2005 11:00, шаҳри Душанбе

16 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Дабири Кулли Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) оид ба корҳо дар Осиёи Марказӣ ва Кавказ Роберт Симмонсро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

"Мо ба вусъат ва рушду нумуи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ манфиатдорем" - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон нақши Иттиҳодро дар барқарорсозии сулҳу эътидол дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баланд арзёбӣ намуд.

Роберт Симмонс саҳм ва нақши Тоҷикистонро дар доираи эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин дар бозсозии баъдиҷангии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳимму муассир арзёбӣ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ин талошҳои бевоситаю ғамхоронааш изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Ҷонибҳо атрофи иштирок ва саҳми Тоҷикистон дар Шӯрои ҳамшарикии Аврупою Атлантикаи Шимолӣ ва Барномаи "Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ", татбиқи амалии Созишномаи Тоҷикистону Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ, иштирок дар эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ, бунёди Маркази таълимии сарҳадбонон дар Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ, ҳамкорӣ дар тоза кардани сарҳадот ва ҳудуди Тоҷикистон аз мина ва дигар моддаҳои тарканда мубодилаи афкор намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо дар ташкил ва гузаронидани машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, амалиётҳои низомии башардӯстона ва наҷотдиҳӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520