Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

16.12.2005 09:00, шаҳри Душанбе

16 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили Иди истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Президенти ин мамлакат Нурсултон Назарбоев барқияи шодбош фиристод, ки дар он омадааст:

"Фараҳмандам, ки Шумо ва тамоми халқи қазоқро ба муносибати таҷлили иди миллии мамлакататон - Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон самимона табрик гуфта, орзуҳои беҳтарини худро иброз медорам.

Мо ба қадри муносибатҳои деринаи дӯстона ва ҳамкории мутақобилан муфиди кишварҳоямон мерасем, ки халқҳои моро ба ҳамдигар мепайванданд. Мо азми қавӣ дорем, ки ин анъана ва таҷрибаи бебаҳоро боз ҳам ғанитар гардонем. Тоҷикистон ба истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои фаровонаш барои равнақу ривоҷи ҳамкории мамлакатҳоямон ба манфиати халқҳо ва давлатҳои мо сидқан манфиатдор мебошад.

Ҷаноби мӯҳтарам Нурсултон Назарбоев, ба Шумо саломатӣ, барори кор ва ба халқи бародари Қазоқистон сулҳу ободӣ ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям".

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520