Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Алтай Ҷенгизерро бо як гурӯҳ соҳибкорони ин кишвар

15.12.2005 13:00, шаҳри Душанбе

15 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Алтай Ҷенгизерро бо як гурӯҳ соҳибкорони ин кишвар ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия, ки моҳи январи соли оянда дар назар аст, масъалаҳои ҷорӣ ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Туркия пеш аз ҳама дар сатҳи соҳибкорону сармоягузорони хусусӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар мулоқот атрофи рушди имрӯзаю ояндаи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, хуб гаштани фазои инвеститсионӣ ва фароҳам омадани имконият ва шароитҳои хуби ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту саноати ҷумҳурӣ, мубодилаи иттилооту технология ва ҳамгироиҳои илмию фарҳангӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Соҳибкорони Туркия аз раванди пешрафту инкишофи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, фароҳам гаштани заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, барои иштирок дар лоиҳаҳои соҳаи роҳсозӣ, гидроэнергетика ва сохтмони биноҳои истиқоматӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси нахустин дорандаи мукофоти олии Хазинаи хайрияи байналмилалии "Сарпарастони аср"- ордени алмосдори "Ситораи сарпараст" бо ҳарфҳои заррин дар лавҳаи сангини хотиравии воқеъ дар байни "Лавҳаҳои хотиравии замони нав"-и Маҷмааи боғи меъмории шаҳри Москва барои ёдгорӣ ва намунаи ибрати наслҳои имрӯзу фардо, баҳри тарғибу ташвиқи онҳо ба корҳои хайр, саҳмгирӣ дар таҳкими сулҳу амонӣ ва ҳамкорӣ ба хотири рушду нумуи ҷомеаи ҷаҳонӣ дарҷ хоҳад гашт.

Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввалин шахсест, ки бо мукофоти олии хазинаи мазкур- ордени алмосдори "Ситораи сарпараст" рӯзи 29 марти соли 2005 дар ш. Душанбе сарфароз гардида буд.

Ин мукофоти олӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузурги шахсиаш дар таҳкими сулҳу амният, тавсеаи ҳамкориҳои байни халқҳои Тоҷикистону Россия, дастгирии иқдомоти ҷамъиятии пурзӯр намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди соҳаи маориф, фарҳанг, илм ва санъат бо қарори Шӯрои сарпарастони Хазинаи байналмилалии "Сарпарастони аср" аз ҷониби Президенти хазинаи мазкур Олег Олейник тақдим гардида буд.

Ҳамчунин қобили тазаккур аст, ки имрӯзҳо дар маҷмааи боғи меъмории шаҳри Москва бунёди Ёдгории сангин идома дорад, ки дар он номи шахсиятҳои бузурги аср сабт хоҳанд гашт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520