Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Денис Де Трей

15.12.2005 11:00, шаҳри Душанбе

15 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Денис Де Трейро бо сабаби анҷом ёфтани мӯҳлати ваколатҳояш ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

 "Мулоқоти имрӯзаро мо нишонаи омодагӣ баҳри идомаи таҳкиму густариши ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи дастгирии дигаргуниҳои иқтисодии кишвари худ арзёбӣ мекунем, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат ва афзуд, ки - қисме аз тадбирҳои иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои муштарак бо Бонки ҷаҳонӣ амалӣ карда мешаванд".

Дар мулоқот оид ба Барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, сиёсати пулию қарзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Денис Де Трей Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо он, ки Тоҷикистон аввалин шуда, эҳтиёҷоти худро баҳри амалӣ намудани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба СММ пешниҳод кард ва он аз ҷониби намояндагони СММ, кишварҳою, созмонҳо ва институтҳои молиявии мададрасон рӯзи 12 декабри соли равон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ба хушӣ пазируфта шуд, табрику таҳният гуфта, ин амалро натиҷаи сиёсати пайгирона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Денис Де Трей барои саҳми арзандааш дар таҳкими муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ изҳори сипос намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520