Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири Кулли Созмони Конфронси Исломӣ профессор Акмалиддин Эҳсонуғлу

08.12.2005 12:00, Арабистони Саудӣ

8 декабр мулоқоти судбахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири Кулли Созмони Конфронси Исломӣ профессор Акмалиддин Эҳсонуғлу баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масоили зиёди вобаста ба ҳамкории кишварҳои мусулмонӣ ба хотири рушди устувор, дур гаштан аз ақидаҳои аз пешрафт боздоранда ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани нақш ва мақоми Созмони Конфронси Исломӣ дар арсаи байналмилалӣ мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

Ҳамчунин масъалаи кушодани намояндагии доимии давлати Тоҷикистон дар назди Созмони Конфронси Исломӣ баррасӣ гашт.

Зимни мусоҳиба бо хабарнигорон Дабири Кулли Созмон Акмалиддин Эҳсонуғлу натиҷаҳои мулоқот ва аҳамияти нутқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро баланд арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки аксари пешниҳодҳои Сарвари давлати Тоҷикистон дар санадҳои хотимавии иҷлосия барои татбиқи амалӣ инъикос хоҳанд ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520