8 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маккаи Мукаррама бо Раиси Сенати Алҷазоир Абдулқодир ибн Солеҳ мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкории муфиди ду кишвар баррасӣ гашт.
"Кишвари бостонии мо бо кишварҳои арабии Шимоли Африқо ва Мағриб равобити дерин, рангину таърихӣ ва фарҳангӣ дорад ва барои густариши онҳо мо кӯшиш ба харҷ медиҳем", таъкид дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Дар мулоқот изҳори таассуф карда шуд, ки равобити дуҷонибаи сиёсӣ-дипломатии ду кишвар ҳанӯз дар соли 1992 барқарор гашта, баъзе тамосҳо низ сурат гирифта буданд, вале онҳо бо сабаби сар задани ихтилофоти дохилӣ дар Алҷазоир ва ҳам дар Тоҷикистон хислати муназзам ва босамар касб накарданд.
Ҷонибҳо атрофи монандии даргириҳои дохилӣ дар ҳар ду кишвар мубодилаи афкор намуда, омӯзиши таҷрибаи сулҳофарии ҳамдигарро амри зарурӣ арзёбӣ намуданд.
Мусоҳибон оид ба зарурат ва имконоти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои илму фарҳанг, иқтисод ва савдо, саноат, энергетика, истихроҷи канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва истифодаи захираҳои оби Тоҷикистон андешаронӣ намуда, барои ба роҳ мондани муносибатҳои судбахши дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи саҳм ва мақоми ду кишвар дар чаҳорчӯбаи Созмони Конфронси Исломӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти кишварҳои мусулмонӣ, ташкили робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар табодули назар карда шуд.
Дар мулоқот муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев ва мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев иштирок доштанд.