Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо подшоҳи Арабистони Саудӣ Малик Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд

07.12.2005 15:30, Арабистони Саудӣ

8 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маккаи мукаррама бо подшоҳи Арабистони Саудӣ Малик Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Подшоҳи Арабистони Саудӣ малик Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд аз мӯҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва андешаҳои пешқадами ӯ баҳри таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳои мусулмонӣ илҳом гирифта, тайи чанд фурсати муносиб бо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон атрофи масоили гуногуни олами ислом ва ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мубодилаи афкор намуд.

Зикр гардид, ки пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон дар мавриди ҳамкории зичу ёрии байниҳамдигарии кишварҳои мусулмонӣ ба хотири таъмини рушди ҳамагонии олами ислом, бартараф намудани ақидаҳои ба дини мубини ислом марбут донистани қафомондагию қашшоқӣ ва ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, боло бурдани мақому манзалати ислом ва кишварҳои мусулмонӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мавриди пуштибонию дастгирии ҳозирин қарор гирифт.

Дар мулоқот ҷонибҳо баҳри рушду нумӯи минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҳарду тараф судбахш омодагии худро таъкид намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520