Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо шоҳи Баҳрайн Малик Ҳамад ибни Исо

07.12.2005 15:00, Арабистони Саудӣ

7 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо шоҳи Баҳрайн Малик Ҳамад ибни Исо мулоқот кард.

Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо атрофи захираҳои оби нушокӣ ва истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Шоҳи Баҳрайн Малик Ҳамад ибни Исо ба имкониятҳои мавҷудаи Тоҷикистон дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, изҳор дошт, ки барои таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи судманди Тоҷикистону Баҳрайн пеш аз ҳама дар сатҳи соҳибкорон ва бонкҳои хусусӣ мусоидат хоҳад намуд.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба ташкили ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ мубодилаи афкор намуда, таклифу пешниҳодҳои муфиди худро таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520