Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Малайзия, раиси собиқи Созмони Конфронси Исломӣ Абдулло Аҳмад Бадавӣ

07.12.2005 14:30, Арабистони Саудӣ

7 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маккаи Мукаррама бо Сарвазири Малайзия, раиси собиқи Созмони Конфронси Исломӣ Абдулло Аҳмад Бадавӣ мулоқот намуд.

Ба мавзӯи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Малайзия дахл намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни равобити ду кишвари дӯст изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ҷонибҳо атрофи имконоти васеъ ва мусоид дар ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ, технологӣ, илмӣ, иттилоотӣ, туризм, фаъолияти бонкӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуда, зикр намуданд, ки тиҷорати дуҷониба рушд меёбад ва молҳои хушсифати Малайзия дар Тоҷикистон харидорони зиёд доранд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба ширкати фаъоли кишварҳо дар ҳамгироии минтақавӣ ва равандҳои ҷаҳонӣ, ҳалли мушкилоту проблемаҳои умумии мусулмонон, ҳифзи симои поку ростини ислом табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520