Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф

07.12.2005 14:00, Арабистони Саудӣ

7 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маккаи Мукаррама бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Покистон муҳокима гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф бинобар мусибати дилхарош бар асари зилзилаи шадид изҳори тасаллият намуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон густариш ва рушди муносибатҳоро бо Покистон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати минтақавӣ ва байналмилалии худ медонад.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин иброз дошт, ки баъди сафарҳои давлатии ҷонибҳо дар сатҳи олӣ шароити мусоиди оғози марҳалаи сифатан нав - марҳалаи ҳамкориҳои васеъ ва бунёдӣ бо дарназардошти стратегияи пешрафти кишварҳоямон ва тамоюлоти ҷаҳонӣ фароҳам гардидааст.

Дар мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки дар муносибатҳои дӯстонаи ҳамкории мо баъзе тағйироти муҳим рух дод, ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ дар ин давра хеле афзуд, намоиши молҳои Покистон дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҳайатҳои иқтисодӣ муколамаи муфид ба роҳ монданд, баъзе барномаҳои иқтисодӣ ва техникӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо атрофи имконоти васеи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Покистон дар соҳаи гидроэнергетика, роҳсозӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди маъдан, инфраструктура ва ғайра мубодилаи афкор намуда, омодагии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи онҳо таъкид намуданд.

Дар мулоқот муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов иштирок доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520