5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи сеюми фавқулоддаи Сарони давлатҳои Созмони Конфронси Исломӣ аз қароргоҳи муваққатии худ дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ тариқи телефон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар тамос шуда, ӯро бо пирӯзӣ дар интихоботи Сарвари давлати Қазоқистон бори дигар шодбош гуфт.
Дар ҷараёни гуфтугӯи телефонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба масъалаҳои вобаста ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мароқи хос зоҳир намуданд.