Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Бонки Исломии Рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ

05.12.2005 17:00, Арабистони Саудӣ

5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маккаи мукаррама бо Раиси Бонки Исломии Рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд мавриди муҳокима қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз имкони мулоқот дар арафаи баргузории Иҷлосияи Созмони Конфронси Исломӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Раиси Бонки исломии рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ барои хислати возеҳи босамар гирифтани ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд, бахусус дар соли охир, арзи сипос кард.

"Боиси хурсандист, -таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - ки Бонки Шумо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвари мо, бахусус тандурустӣ, роҳсозию нақлиёт, маориф, гидроэнергетика ва ғайра то имрӯз бештар аз 100 миллион доллари ИМА ба шакли грант ва қарзҳои имтиёзнок маблағгузорӣ кардааст.

Зикр карда шуд, ки Бонки исломии рушд дар сохтани роҳҳои мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ва Мурғоб - ағбаи Кулма, обёрӣ кардани даштҳои Данғара, сохтмон ва таъмири биноҳои таълимӣ дар саросари кишвари мо ва ғайра саҳми арзанда гузоштааст, ки ин боиси сипоси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Ҷонибҳо ҳамчунин зикр намуданд, ки Тоҷикистон дар қатори аввалин кишварҳоест, ки дар он талабот барои иҷрои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид пурра омӯхта шудааст. Барои амалӣ намудани онҳо, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - кишвари мо ба 13 миллиард доллар ниёз дорад ва мо дар ин робита ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, қабл аз ҳама созмони Конфронси Исломӣ ва Бонки Исломӣ, дигар сохторҳои байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои алоҳидаи исломӣ умед мебандем.

Дар мулоқот атрофи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои таъмини системаи самараноки кафолатҳои давлатӣ ва раванди ислоҳоти бозоргонӣ, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои сармоягузорӣ ва бо дастгирии институтҳои бонуфузи молиявии минтақавию ҷаҳонӣ татбиқ намудани стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Қайд карда шуд, ки лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон дар соҳаи саноат, гидроэнергетика, нақлиёту роҳсозӣ ва фазои мусоиди инвеститсионии он таваҷҷӯҳи маблағгузорон ва соҳибкорони мамлакатҳои гуногунро ба ин кишвар афзун мегардонад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд таъкид доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз мулоқоти пурмӯҳтавою самимӣ бо раиси Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ нишасти матбуотӣ орост.

Дар нишасти матбуотӣ доираи васеи хабарнигорон ба саволҳои хеш роҷеъ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои мушаххас гирифтанд. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тариқи кулли воситаҳои ахбори оммаи Арабистони Саудӣ пахш гардида, дар рӯзномаи саросарии ин мамлакат "Ал-Билод" пурра интишор ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон аснои посух ба саволҳои хабарнигорон ба рушди муносибатҳои кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ мароқ зоҳир карда, аз ҷумла таъкид кард, ки дар марҳилаи кунунии пешрафт мамлакатҳои рӯ ба тараққиниҳодаи аъзои созмон ба дастгириии ҳамаҷонибаи давлатҳои тавонои дорои имкониятҳои фарохи иқтисодӣ ниёз доранд. Бахусус дастгирии кишварҳои тараққикардаи аъзои Созмони Конфронси Исломӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва экологияи кишварҳои ниёзманд аз манфиат холӣ нест.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, ки фардо зимни суханронӣ аз минбари Созмони Конфронси Исломӣ дар ин бора пешниҳодҳои мушаххас баён хоҳад кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамзамон ёдрас шуд, ки аз минбари созмон барои саҳмгузории кишварҳои муқтадири аъзо бобати сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои стратегии энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамдастӣ бо сармоягузорони Федератсияи Россия, Қазоқистон ва ИМА амалӣ шуда истодаанд, даъват ба амал меорад.

"Лоиҳаҳои дигари экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла таъмини комили аҳолии Душанбе бо оби тоза аз самтҳои асосии ҳамкорӣ бо мамолики узви Созмони Конфронси Исломӣ хоҳад буд", - омадааст дар мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори рӯзномаи "Ал-Билод".

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520