5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи шодбош фиристод, ки дар он омадааст:
"Ба муносибати такроран ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб гардиданатон табрику таҳнияти самимонаи маро қабул фармоед.
Ғалабаи Шумо дар интихобот далели дурустии сиёсатест, ки бо роҳбарии Шумо ба хотири шукуфоии Қазоқистони дӯст ва истифодаи қудрати бузурги мамлакат барои рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нигаронида шуда, онро мардуми Қазоқистон маъқул ёфтааст.
Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун тарафдори боэътимоди таҳкими равандҳои ҳамгироӣ дар фазои собиқ Шӯравӣ ва рушди босуръати муносибатҳои ҳамкории миёни ду мамлакат, ки онҳоро риштаҳои зичи таърихии дӯстӣ пайвастаанд, мешиносанд. Аминам, ки ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, ки ба нафъи кулли халқҳои бародари мост, минбаъд ҳам ривоҷ меёбад.
Мехоҳам ба Шумо Нурсултон Абишевич, саломатии бардавом, умри дароз ва дар фаъолияти бисёрҷонибаатон муваффақиятҳои нав орзу кунам".