Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов

22.11.2005 11:00, шаҳри Душанбе

22 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Абдулатиповро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

"Муносибатҳои дӯстона ва таҳкиму густариши онҳо бо Федератсияи Россия аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон аст", - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки татбиқи амалии санадҳои байнидавлатии Тоҷикистону Россия, ки моҳи октябри соли 2004 ба имзо расида буданд, дар тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди ду давлати дӯст ва ба сатҳи сифатан нав баровардани он нақши муҳим мебозад.

Дар мулоқоти пурмӯҳтаво ҷонибҳо оид ба ҷараён ва натиҷаҳои Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мубодилаи афкор намуда, нақшаи баргузоршавии намоишгоҳи миллии Россия дар Тоҷикистон, ки ба наздикӣ бо иштироки намояндагони ҳукумат ва парлумони Россия, шумораи зиёди намояндагони корхонаву муассисаҳои истеҳсолии ин кишвар баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо барои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дорои аҳамияти зиёди минтақавию байнидавлатӣ омодагии худро таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520