Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо соҳибкори тунисӣ, раиси ширкати "Ҷекот СА" Воҳид Ҷемай

18.11.2005 09:00, Тунис

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкори тунисӣ, раиси ширкати "Ҷекот СА" Воҳид Ҷемай, ки аллакай муддати 11 сол боз дар Тоҷикистон кор мекунад, оид ба фаъолияти имрӯза ва нақшаҳои минбаъдаи он дар ҷумҳурии мо мубодилаи афкор намуд.

Чунонки аз сӯҳбат бо ин соҳибкор маълум шуд, Воҳид Ҷемай аллакай як корхонаи пахтатозакунӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон сохтааст ва тасмим гирифтааст, ки боз як корхонаи бузурги маҳсулоти металлургӣ дар Тоҷикистон бунёд намояд.

Нақшаҳои фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хуб пазируфта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520