Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Саммити навбатии умумиҷаҳонӣ оид ба ҷомеаи иттилоотӣ

16.11.2005 10:00, Тунис

16 ноябр дар шаҳри Туниси Ҷумҳурии Тунис бо иштироки Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан, роҳбарони аввал ва намояндагони давлату ҳукуматҳои 170 кишвари олам, созмонҳои байнидавлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва намояндагони соҳибкории хусусӣ Саммити навбатии умумиҷаҳонӣ оид ба ҷомеаи иттилоотӣ баргузор гардид.

Саммитро бо сухани ифтитоҳӣ Президенти Ҷумҳурии Тунис Зайн-ал-Обиддин ибни Алӣ оғоз намуд. Баъди суханронии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, яке аз аввалинҳо шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сухан баромад ва назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масоили ташкили ҷомеаи иттилоотӣ ва муҳайё намудани шароити дастрасии мардум ба воситаҳои иттилоотӣ баён дошт.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъкид дошт, ки баъди баргузории даври аввали ин Саммит, ки ду сол қабл дар Женева доир гардида буд, дар роҳи татбиқи амалии санадҳои дар он қабулгашта дар Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, маркази иттилоотии байни Осиёву Аврупо, ки 20 давлатро фаро мегирад ва пайваст шудани Тоҷикистон ба он намунаи хуби ин ҳамкориҳост.

Бо вуҷуди ин Тоҷикистон ба мисли бисёр кишварҳои дигари тараққикунанда ба дастгирии мақсадноки модули технологӣ ҳанӯз эҳтиёҷманд аст. Бо мақсади беҳдошти вазъи иттилоотӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор андешаву пешниҳодоти мушаххас баён дошт, ки аз ҷониби аҳли толор мавриди дастгирию пуштибонӣ қарор гирифт.

Дар Саммит, инчунин роҳбарони давлатҳои Швейтсария, Хорватия, Ангола, Дабири кулли иттиҳодияи байналмилалии телекоммуникатсия, роҳбарони давлату ҳукуматҳои дигар кишварҳо суханронӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки имрӯз беш аз 50 фоизи аҳолии сайёра аз алоқаи телефонӣ маҳруманд. Чоряки аҳли башар, умуман, боре ҳам аз воситаи телефонӣ истифода накардаанд. Аз ин хотир ҳадафи асосии ин Саммит тадбирҳои тибқи ҳадафҳои он амалишаванда - ташкили ҷомеаи иттилоотӣ аст, ки дар асоси он бояд ба ҳама ва ҳар кас воситаҳои муосири иттилоотӣ дастрас бошад, - таъкид гардид дар ҷараёни Саммит.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520