Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарян

15.11.2005 15:00, Арманистон

15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сафар ба Ҷумҳурии Тунис ҳангоми таваққуфи муваққатӣ дар Ереван бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарян мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Арманистон дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо атрофи мавқеи ду кишвар дар ҳалли масоили сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва ҷаҳонию минтақавӣ, татбиқи амалии санадҳои ҳуқуқие, ки дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ба тасвиб расидаанд, мубодилаи афкор намуданд.

Дар мулоқот аз рушди имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои судбахши Тоҷикистону Арманистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили амнияти минтақавӣ, муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои ҷаҳони имрӯза аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши маводи мухаддир табодули назар намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520