Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси ширкати холдингии "Қайнак"-и Ҷумҳурии Туркия Мустафо Осжан

14.11.2005 17:00, шаҳри Душанбе

14 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси ширкати холдингии "Қайнак"-и Ҷумҳурии Туркия Мустафо Осжанро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба сохтмони маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби ин ширкат анҷом дода мешавад ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкории он бо Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтавою созанда ҷонибҳо ҳамчунин оид ба сохтмони як меҳмонхонаи панҷситорадор бо 400 ҷойи хоб ва як меҳмонхонаи хурди дигар барои 150 нафар дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расиданд.

Зикр карда шуд, ки татбиқи амалии ин нақшаҳо дар роҳи муҳайё намудани инфраструктураи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек ба шумор меравад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520