Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Шигео Катсу ва Директори минтақавии ин бонк Деннис де Трей

09.11.2005 11:00, шаҳри Душанбе

9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Шигео Катсу ва Директори минтақавии ин бонк Деннис де Трейро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Бонки умумиҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

"Мо мулоқоти имрӯзаро ҳамчун идомаи таҳкиму густариши ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки умумиҷаҳонӣ дар роҳи дастгирии дигаргуниҳои мусбии иқтисодии Тоҷикистон арзёбӣ мекунем", - таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот.

Ҷонибҳо оид ба таҳияи стратегияи миллии Рушд дар Тоҷикистон, ки санади стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро то соли 2015, Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ ва Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо дар худ фаро хоҳад гирифт, мубодилаи афкор намуда, онро аз ҷумлаи иқдомоти хуби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Бонки умумиҷаҳонӣ изҳори омодагӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520