Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб

02.11.2005 18:00, ноҳияи Дарвоз

2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ба ноҳияи Дарвоз омад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳонаш аз қитъаи Шоҳон-Зиғари роҳи Кӯлоб - Қалъаи Хумб гузар карда, дар чанд ҷо таваққуф намуд ва бо натиҷаҳои кори роҳсозони тоҷику турк аз наздик шинос шуд.

Дар мавзеи Девдара, ки имрӯз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номи Гулдараро гирифтааст, Сарвари давлат дастур дод, ки дарахтҳои гуногуни зиёд шинонда шавад, то ин ки ин мавзеъ ба боғу гулистон табдил ёбад.

Татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаи Шоҳон - Зиғар моҳи апрели соли 2003 оғоз гардида, мақсади асосии он таъмини рафтуомади нақлиёти автомобилӣ дар тамоми сол байни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дигар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба воситаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баромад ба бандарҳои уқёнуси Ором аст. Лоиҳаи бунёди роҳ аз се қисм иборат буда, дар марҳалаи якуми он сохтмони 5,5 километр роҳ анҷом дода шуд. Барои амалӣ намудани марҳалаи якуми он аз ҳисоби қарзҳои Бонки Исломии Рушд 9,1 миллион доллари ИМА ва аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,3 миллион доллари ИМА ҷудо гаштааст.

Мувофиқи лоиҳа дарозии хати роҳ наздики 34 километр ва маблағи умумии лоиҳа 35,5 миллион доллари ИМА - ро ташкил медиҳад.

Аз оғози татбиқи лоиҳа ба маблағи 12,1 миллион доллари ИМА корҳо иҷро гардидааст.

Оид ба маблағгузории марҳалаи дуюми лоиҳаи "Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар" 16 марти соли ҷорӣ Созишномаи кредитӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд ба маблағи 9,5 миллион динори Кувайт ба имзо расид.

Бояд тазаккур дод, ки ҳарчанд то имрӯз на ҳамаи қитъаҳои ин роҳ мумфарш ва ба стандартҳои роҳҳои ҷаҳонӣ мувофиқ гаштаанд, вале аллакай бо ҳолати ҳозира ин роҳ алоқаи ВМКБ - ро бо дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ҳама фаслҳои сол таъмин менамояд. Имрӯз тамоми намуди нақлиёти автомобилӣ метавонад бо ин роҳ озодона рафтуомад кунад.

Дар нуқтаи оғози қитъаи Шкев-Зиғари роҳи Қалъаи Хумб -Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ба фаъолияти шоҳроҳи автомобилӣ расман оғоз бахшид.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо аҳли деҳаи Зиғар сӯҳбати ошкорою самимӣ ороста, онҳоро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик намуд.

Бояд таъкид дошт, ки масофаи умумии роҳ           38 километр, паҳноии умумиаш 12 метр ва паҳноии қисми мошингузар 7 метрро ташкил медиҳад. Дар ин роҳ 6 кӯпруки мошингузар ва 145 адад қубурҳои обрав бунёд гардидааст.

Дар ин сохтмон 92 номгӯй техника ва таҷҳизоти пуриқтидор, аз ҷумла 6 экскватор, 2 булдозер, 42 мошини боркаш, 2 таҷҳизоти пармакунӣ, 4 адад мошини боркунанда ва дигар таҷҳизоти техникӣ аз тарафи пудратчӣ истифода шуда, 348 нафар бо ҷои корӣ ва маоши баланд таъмин гаштанд, аз ҷумла 250 нафар аз мардуми маҳаллӣ ва 98 нафари дигар коргарони хориҷӣ мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди сохтмончиён ва аҳолии ноҳияи Дарвоз суханронӣ намуда, мардуми ҷумҳуриро бо ин дастоварди навбатии таърихӣ, ки дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва пеш аз ҳама барои аҳолии ноҳияҳои ВМКБ аҳамияти хеле бузург дорад, табрику таҳният гуфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз аҳамияти сохтмони ин роҳ ва дигар иншоотҳои стратегии ҷумҳурӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки баъд аз 4-5 соли дигар Тоҷикистонро ҷаҳиши бузурге дар пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ мунтазир аст. Ба анҷом расидани як қатор лоиҳаҳои стратегӣ, ки бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ амалӣ мегардад кишвари моро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо мебахшад, истиқлолияти энергетикӣ ва иқтисодии ҷумҳуриро таъмин намуда, Тоҷикистонро ба кишвари бузурги содиркунандаи нерӯи барқ табдил медиҳад.

Дар назди ҳозирин ҳамчунин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алтай Ченгизер баромад намуда, аз номи роҳсозони туркӣ изҳор дошт, ки ҳама корҳои сохтмониро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом дода, саҳми арзандаи худро дар пешрафти Тоҷикистон мегузоранд.

Аз суханронии Сарвари давлат ва тадбирҳои бо ташаббуси пайгиронаи шахсии ӯ, ки дар ҷумҳурӣ амалӣ мегарданд, мардуми ноҳияи Дарвоз рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдории худро баён доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520