Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз қароргоҳи қисми низомии 01123-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа

02.11.2005 11:00, шаҳри Хоруғ

2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи қисми низомии 01123-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа, ки як сол пеш дар ин ҷо таъсис ёфта буд, ташриф овард.

Дар сӯҳбат бо ҳайати шахсии он ва намояндагони роҳбарияти Вазорати мудофиа Сарвари давлат изҳор дошт, ки ин қисми ҳарбӣ мувофиқи маълумот намунавӣ аст. Дар соли равон дар ин ҷо ягон ҷиноят ва қонуншиканӣ рух надодааст ва афзуд, ки ҳамин гуна интизоми ҳарбӣ ва тартиботро доимо нигоҳ доштан зарур аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити будубоши ҳайати шахсӣ дидан карда, аз он изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар сӯҳбат бо ҳайати фармондеҳии қисми низомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик ба ин қисми ҳарбӣ аз ҳисоби хазинаи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар намудани шароити он 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520